Дар бораи мо

Бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № 37 моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои мушаракулманофеъ таҷрибаи аввалин буд. Ҳадаф аз таъсиси Кумита дар лаҳзаҳои вазнинтарини давлатдорӣ, ки ҷумҳурӣ ба кӯмаку дастгирии ҳар як сокини худ ниёз дошт, пеш аз ҳама муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ , беҳдошти вазъи занон ҳифзи оила ва модару кӯдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ, ташкили маишату истироҳати занон иборат буд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳоро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятиро ба анҷом мерасонад.

Истиқлолият шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати мо аст. Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши...

Зан ҳамчун офаридгори насли инсонӣ ва равшангари роҳи онҳо дар ҷомеа мақому манзалати махсуси худро дорад. Бо ба даст овардани...

Оила ин шабеҳи давлатро дорад ки дар он роҳбари асоси падар ва модар фарзандон иҷрокунандаи амру фармонҳо...