Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест

 

    Ташаббусу дастгириҳо ва иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум, махсусан сатҳи зиндагии занону бонувон, ҳунармандони мардумӣ таъсири мусбат расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси зебоипарастию ҳуввияти баланди ватандорӣ мусоидат менамояд.

Пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки имрӯзҳо фарҳанги миллии анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат, дар самти шинохти фарҳанги миллӣ гузошта истодаем. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқиятњо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халќамонро дар соњаи анъанањои фарњангї дарк намоем.

Омўхтан ва эњё намудани њунарњои миллии мардумї имконият медињад, ки то кадом андоза онњо ба њаёти имрўзаи мо ворид шуда, бо табиати мањал, тарзи зисти мардум, ривоятњо, расму оин, урфу одат ва љашнворањо чї робитае доранд.

Аз ин рў, бањри эњёи њунарњои миллию мардумї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон пайваста тадбирњо андешида мешаванд.

Ҷудо гардидани маблағҳои гранти Президентӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон љиҳати рушди ҳунарои мардумӣ ва фаъолияти соибкории занону бонувон, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят намудани ҷавонон шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

Дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо мактаби ҳунармандон, сехҳо, коргоҳҳои ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил ва тањти рањнамоии њунармандони боистеъдод ба фаъолият оѓоз намудаанд.

Тасвир ё худ инъикоси анъанањои миллї дар офаридани осори њунарњои мардумї ба инкишофи њисси худшиносї, ватандориву ифтихори миллї, инчунин такмили мањорат мусоидат менамояд.

       Њунар як коргоњи бузургест, ки доимо њамсафари касони боистеъдод аст.

        

Њунар омўз, к-аз њунармандї,

Даркушої кунї, на дарбандї

 

Шахсе, ки устувории пойдевори њаёти хешро меандешад, њамеша пайи омўзиш аст. Мекўшад   чизеро омўзад, ки боиси волоњунар гардиданаш гардад.

Њар як инсон дар зиндагї меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургї ба хираду дониш ва њунармандии кас вобастагї дорад.

 

Дар њунар кўш, ки зар чизе нест,

Ганљу зар пеши њунар чизе нест.

Њунаре нењ, ки дињад симу зарат

Њунари аз дилу љон ранљбарат.