Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи фарҳанги либосҳои миллӣ Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба шаҳрвандони кишвар пешниҳод мегардад. Ин дастур хусусияти тарбиявӣ дошта, баҳри ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ равона шудааст ва пеши роҳи хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату кишвар мегардад

    Намунаи либосҳои тавсиявӣ ҳамзамон, ба тақвияти ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ ва таъмини ҳисси баланди зебоипарастии шаҳрвандони кишвар, муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва воҳид мусоидат менамояд.

      Дастурамали мазкур аз ёздаҳ бахш иборат буда, он вобаста ба синну сол тарҳрезӣ гардидааст.

 

         Бахши якум.  Либосҳои миллии муосири тоҷикӣ

- либосҳои миллии кӯдакона аз 7 то 14 сола

- либосҳои миллӣ аз 14 то 17 сола

- либосҳои миллӣ аз 18 то 30 сола

- либосҳои расмӣ ва дунявӣ барои духтарону занони аз 18 то 30 сола

- либоси миллии тоҷикии занона барои духтарону занони аз 30 то 40 сола

-  либоси расмии дунявӣ барои духтарону занони аз 30 то 40 сола

-  либоси миллии тоҷикии занона барои занҳои 40 то 50 сола

-  либоси расмии дунявӣ барои занҳои 40-50 сола

-  либоси миллии тоҷикии занона барои занҳои 50-60 сола

-  либоси расмии дунявӣ барои занҳои 50-60 сола

-  либоси миллии тоҷикии занона барои занҳои 60-70 сола

-  либосҳои миллии тоҷикии занона аз 70 сола боло

 

         Бахши дуюм. Либосҳои духтарон ва занон барои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ

- либоси кормандони мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ

 

         Бахши сеюм. Либосҳои махсус (униформа) ва кории духтарон ва занон

- либоси корӣ ва ягонаи соҳаҳои мухталиф

         Бахши чорум. Либосҳои духтарон ва занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ

- либосҳои занона барои ҷашни Наврўз

- либосҳо барои ҷашни Меҳргон

 

         Бахши панҷум. Либосҳои духтарон ва занон дар рӯзҳои идҳои расмӣ ва давлатӣ

- либосҳои ҷашнӣ барои чорабиниҳои фарҳангӣ 18-30 сола

 

         Бахши шашум. Либосҳо барои сайругашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, театр, толорҳои консертӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ

- либосҳои миллӣ барои сайру гашт ва чорабиниҳои фарҳангӣ

 

         Бахши ҳафтум. Либосои духтарон ва занон барои рӯзҳои истироҳат (шанбею якшанбе)

- либосҳои занона барои сайру гашт дар рӯзҳои шанбе, якшанбе ва бегоҳӣ

         Бахши ҳаштум. Либосҳои арӯсӣ

- либоси миллии тоҷикӣ ва аврупоии арӯсӣ

         Бахши нӯҳум. Либосҳои маросими азодорӣ

         Либосҳои духтарон ва занон барои маросими азодорӣ тибқи «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламо ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, интихоб ва пӯшида мешавад.

 

         Бахши даҳум. Андоза ва тарзи пӯшидани либосҳои тавсияшаванда

         - қисми пеши чоки гиребони куртаҳои бонувон вобаста ба андом бояд аз пеш то 15 см аз қафо то гардан то 5 см кушода бошад;

       - дарозии остини куртаҳои остинкӯтоҳи занона аз китф бояд то 10-15 см бошад. Дар куртаҳои остиндарози занона дарозии остин метавонад то банди даст бошад;

         - дарозии домони куртаҳои бонувон бояд аз зону 20 см поён ва аз банди по 20 см боло бошад;

         - кушодии курта бояд ба андозае бошад, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён  нашаванд;

      - дарозии домони алоҳида (юбка) бояд аз зону 15-20 см поён ва аз банди по 20 см боло бошад;

         - поҷома на кушоду на танг, қисми поёнаш то ба банди по расад;

         - рӯймолҳои ихтиёрӣ, ба тарзи миллӣ – тоҷикона баста шаванд.

Бояд рўй ва гардан барои ҳаворасӣ кушода бошанд;

         - бонувони калонсол метавонанд ба сар тоқӣ гузошта, аз болояш рӯймоли калон пӯшанд;

         - ба духтарон ба сар кардани тоқӣ тавсия дода мешавад.

 

         Бахши ёздаҳум. Либосҳои духтарона ва занонае, ки пӯшидани онҳо тавсия намешавад.

- барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб;

 - либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдомон (миниюбка), деколте, топик;

  - куртаҳои нафис ва тунук, ки баданро намоён мекунанд;     

 - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд;

 - либосҳо аз матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатӣ зарар доранд.    

     Риояи дастури мазкур сатҳи фарҳангии аҳли ҷомеаро баланд бардошта, ҷиҳати амалӣ шудани либоспӯшии миллӣ мусоидат менамояд. Ин дастур дар тарбияи зебоипарастӣ ва иртифои маданияти либоспӯшӣ миёни духтарону занон таъсири мусбат мерасонад.

     Умедворем, ин иқдомро ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар дастгирӣ карда, барои рушди маданияти либоспӯшӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад, кӯмак менамояд.

         Дастурамали мазкурро бо арзиши 90 сомонӣ аз нашриёти «ЭР-Граф» ё худ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Лоҳутӣ 14 дастрас кардан мумкин аст.

Бо маќсади риояи тарзи либоспўшї ва ташвиќи фарњанги либосњои миллї Дастурамали либосњои тавсиявї барои духтарон ва занон дар Љумњурии Тољикистон тањия ва ба шањрвандони кишвар пешнињод мегардад. Ин дастур хусусияти тарбиявї дошта, бањри ба танзим даровардани тарзи либоспўшии миллї равона шудааст ва пеши роњи хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муњими тарѓиби либосњои муосири миллї ва муаррифии миллату кишвар мегардад.

         Намунаи либосњои тавсиявї њамзамон, ба таќвияти њуввияти миллї, ифтихори ватандорї, хештаншиносї, эњё ва рушди мероси фарњанги миллї ва таъмини њисси баланди зебоипарастии шањрвандони кишвар, муаррифї намудани Љумњурии Тољикистон њамчун кишвари мустаќил ва воњид мусоидат менамояд.

         Дастурамали мазкур аз ёздањ бахш иборат буда, он вобаста ба синну сол тарњрезї гардидааст.

 

         Бахши якум.  Либосњои миллии муосири тољикї

- либосњои миллии кўдакона аз 7 то 14 сола

- либосњои миллї аз 14 то 17 сола

- либосњои миллї аз 18 то 30 сола

- либосњои расмї ва дунявї барои духтарону занони аз 18 то 30 сола

- либоси миллии тољикии занона барои духтарону занони аз 30 то 40 сола

-  либоси расмии дунявї барои духтарону занони аз 30 то 40 сола

-  либоси миллии тољикии занона барои занњои 40 то 50 сола

-  либоси расмии дунявї барои занњои 40-50 сола

-  либоси миллии тољикии занона барои занњои 50-60 сола

-  либоси расмии дунявї барои занњои 50-60 сола

-  либоси миллии тољикии занона барои занњои 60-70 сола

-  либосњои миллии тољикии занона аз 70 сола боло

 

         Бахши дуюм. Либосњои духтарон ва занон барои маќомоти давлатї ва мањаллї

- либоси кормандони маќомоти давлатї ва мањаллї

 

         Бахши сеюм. Либосњои махсус (униформа) ва кории духтарон ва занон

- либоси корї ва ягонаи соњањои мухталиф

         Бахши чорум. Либосњои духтарон ва занон дар рўзњои љашнњои миллї

- либосњои занона барои љашни Наврўз

- либосњо барои љашни Мењргон

 

         Бахши панљум. Либосњои духтарон ва занон дар рўзњои идњои расмї ва давлатї

- либосњои љашнї барои чорабинињои фарњангї 18-30 сола

 

         Бахши шашум. Либосњо барои сайругашт дар кўчаю хиёбон, гулгаштњо, боѓњои фарњангию истироњатї, театр, толорњои консертї ва дигар љойњои љамъиятї

- либосњои миллї барои сайру гашт ва чорабинињои фарњангї

 

         Бахши њафтум. Либосњои духтарон ва занон барои рўзњои истироњат (шанбею якшанбе)

- либосњои занона барои сайру гашт дар рўзњои шанбе, якшанбе ва бегоњї

 

         Бахши њаштум. Либосњои арўсї

- либоси миллии тољикї ва аврупоии арўсї

 

         Бахши нўњум. Либосњои маросими азодорї

         Либосњои духтарон ва занон барои маросими азодорї тибќи «Тартиби маросими азодорї ва таъзия ар Љумњурии Тољикистон», ки аз љониби Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Шўрои уламо ва Маркази исломшиносї дар назди Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, интихоб ва пўшида мешавад.

 

         Бахши дањум. Андоза ва тарзи пўшидани либосњои тавсияшаванда

         - ќисми пеши чоки гиребони куртањои бонувон вобаста ба андом бояд аз пеш то 15 см аз ќафо то гардан то 5 см кушода бошад;

         - дарозии остини куртањои остинкўтоњти занона аз китф бояд то 10-15 см бошад. Дар куртањои остиндарози занона дарозии остин метавонад то банди даст бошад;

         - дарозии домони куртањои бонувон бояд аз зону 20 см поён ва аз банди по 20 см боло бошад;

         - кушодии курта бояд ба андозае бошад, ки љойњои барљастагии бадан намоён  нашаванд;

          - дарозии домони алоњида (юбка) бояд аз зону 15-20 см поён ва вз банди по 20 см боло бошад;

         - пољома на кушоду на танг, ќисми поёнаш то ба банди по расад;

         - рўймолњои ихтиёрї, ба тарзи миллї – тољикона баста шаванд.

Бояд рўй ва гардан барои њаворасї кушода бошанд;

         - бонувони калонсол метавонанд ба сар тоќї гузошта, аз болояш рўймоли калон пўшанд;

          - ба духтарон ба сар кардани тоќї тавсия дода мешавад.

 

         Бахши ёздањум. Либосњои духтарона ва занонае, ки пўшидани онњо тавсия намешавад.

- барои духтарон ва бонувон пўшидани либосњои сиёњ, рўймоли сиёњ, сатр ва њиљоб;

 - либосњои нимбарањнаи аврупої, нимдомон (миниюбка), деколте, топик;

  - куртањои нафис ва тунук, ки баданро намоён мекунанд;     

 - дар љойњои љамъиятї гаштан бо калўш, дампої (шлёпка), либосњои тањпўш, хилъатњои хонапўшї, ласина, шимњои танге, ки љойњои барљастагии бадан намоён мешаванд;

 - либосњо аз матоъњои синтетикї, ки ба саломатї зарар доранд.    

 

     Риояи дастури мазкур сатњи фарњангии ањли љомеаро баланд бардошта, љињати амалї шудани либоспўшии миллї мусоидат менамояд. Ин дастур дар тарбияи зебоипарастї ва иртифои маданияти либоспўшї миёни духтарону занон таъсири мусбат мерасонад.

     Умедворем, ин иќдомро њар як шањрванди ватандўсти кишвар дастгирї карда, барои рушди маданияти либоспўшї, ки љузъи фарњанги миллї мебошад, кўмак менамояд.

         Дастурамали мазкурро бо арзиши 90 сомонї аз нашриёти «ЭР-Граф» ё ху аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон воќеъ дар ноњияи Шоњмансур, кўчаи Лоњутї 14 дастрас кардан мумкин аст.