Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Хайринисо Юсуфӣ – раиси Кумита солҳои 2008-2010

 

Дар давраи роҳбарии Хайринисо Юсуфӣ бинои хобгоҳи духтарони ятиму бепарастор, ки то ин дам аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба иҷора гирифта шуда буд, бо қарори ҲҶТ аз 31.12.2008 № 670 ба ихтиёри Кумита супорида шуд ва ба Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" табдил дода шуд.

Дар сохтори Кумита дигаргуниҳо ба амал омад, теъдоди кормандон аз 11 ба 19 нафар расид. Дар назди Кумита барои духтарони 10-18 солаи қурбонии хушунат гардида ва ё зери таҳдиди хариду фурӯш қарордошта Маркази "Хадамоти дастгирии духтарон" бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз зиёда аз 100 нафар духтарон аз хизмати маркази мазкур истифода бурдаанд.

Бо талошҳои пайвастаи ӯ ба Кодекси оила тағйирот ворид карда шуда синну соли никоҳӣ аз 17 ба 18 сола боло бурда шуд. Соли 2008 Қарори ҲҶТ дар бораи "Таъсиси грантҳои Президенӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солои 2008-2010" ба имзо расиданд.