Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Тағоева Сумангул Саидовна -раиси Кумита аз 10 марти соли 2010-2013

 


Сумангул Тағоева 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад. Соли 1991 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1988 аз оператори ЭВМ дар Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббарории Кумитаи давлатии оид ба таъминоти моддию техникии PCС Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ба сифати мушовир, мушовири калон, мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири шӯъбаи таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо, сардори раёсати бақайдгирии ташкилотҳои чамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия фаъолият намудааст. Солҳои 2005 - 2010 дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳайси муовин ва муовини аввали вазир ифои вазифа намудааст. Аз соли 2010 дар вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ фаъолият менамояд.

Дар давраи фаъолияти Сумангул Тағоева ба ҳайси раиси Кумита қарорҳои ҲҶТ аз 29 майи соли 2010 дар бораи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020", 2 апрели СОЛИ 2011 таҳти рақами 185 "Таъсиси грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2011-2015", Барномаи давлатии "Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015" (аз 1.03.2012, №92) ба имзо расидаанд. Маркази "Хадамоти дастгирии духтарон", аз моҳи марти соли 2012 пурра ба таъминот аз ҳисоби буҷаи давлатӣ гузаронида шуд.

Аз соли 2010 инҷониб, ҳамасола, дар чумҳурӣ таҳти ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Сумангул Тағоева бо мақсади дарёфти ҳунарҳо ва эҳёи анъанаҳои миллӣ Фестивали ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" баргузор мегардад. Соли 2011 Конфронси байналхалқии "Татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид ва дар он лоиҳаи нақшаи амали "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020" таҳия гардид. Нақшаи мазкур тайи соли 2011 бо ҷалби коршиносони соҳаҳои гендер ва молия такмил дода шуд ва аз ҷониби Кумита тасдиқ гардид. Бо кӯшишу гайрати раиси имрӯзаи Кумита теъдоди марказҳои иттилоотӣ- машваратӣ дар чумхурӣ ба 87 адад расид ва ҳамаи онҳо пурра аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ маблаггузорӣ мегарданд. Соли 2012 дар ҳамкорӣ бо СММ-Занон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор дар ин ноҳия Маркази омузишии минтақавӣ барои марказҳои иттилоотӣ-машваратии шаҳру навоҳии кишвар таъсис дода шуд. Бо дастгирӣ ва пешниҳоди Сумангул Тағоева кормандони дастгоҳи марказии Кумита, мудирони шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва восоити ахбори омма дар чорабиниҳои созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, донишу таҷриба ва малакаи худро сайқал медиҳанд, ба мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ пешниҳод мегарданд. Ин тарзи кор барои рушди минбаъдаи ҳайати кории Кумита ва афзоиши мартабаи он дар ҷомеа нақши калон мебозад.