Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Хидирзода Махфират Умар-раиси Кумита аз ноябри соли 2013-2016

аз ноябри соли 2013-2016 дар мансаби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард

 

Соли таваллуд: 06 сентябри соли 1973

Ҷойи таваллуд: шаҳри Кӯлоб

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1995 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос: филолог, муаллимаи забон ва адабиёти рус

Унвони илмӣ: доктори илмҳои фалсафа, профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: аз соли 2005 то 2013 Вакили МНМОҶТ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм; Медали ҷашнии 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1995 Мувофиқи аризааш ба аъзогии колхози «Ленинград»-и ноҳияи Кӯлоб

Солҳои 1995-2000 Мувофиқи роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

Солҳои 2000-2002 Муаллими калони кафедраи «Ҳуқуқи тиҷорат»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2002-2005 Ҷонишини декани факултаи «Иқтисоди ҷаҳон ва ҳуқуқ»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Соли 2005 (16.03)- Вакили МНМОҶТ, узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, шаҳри Душанбе

Соли 2010 (16.03) Вакили МНМОҶТ, муовини Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

Аз ноябри соли 2013-2016 - Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон