Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Қосимзода Идигул Тағо

 

Аз 27 январи соли 2016 дар мансаби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

 

Соли таваллуд: 04 январи соли 1968

Ҷойи таваллуд: н.Вахш

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1990 Филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Шевченко шурғонтеппаро хатм кардааст.

Ихтисос: филолог, муаллимаи забон ва адабиёти рус

Унвони илмӣ: Доктори илмҳои педагогӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, олмонӣ, англисӣ ва хитоӣ бо луғат

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: Вакили ноњиявї оид ба масъалањои њуќуќї аз соли 2010 то соли 2015

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маориф

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1990 Донишҷуи Филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Шевченко шурғонтеппа

Солҳои 1990 Котиби масъули кор бо ноболиғони н.Вахши вилояти Хатлон

Солҳои 1990-2003 Омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 51-и н.Колхозободозира налолиддини Румӣ)

Солҳои 2003-2006 Мудири китобхонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Солҳои 2006-2008 Муовини декан оид ба тарбия дар факултети забонҳои Шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Солҳои 2008-2015 Ноиби ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Солҳои 2015-2016 (то 27.01.2016) Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Аз январи соли 2016 то ҳоло  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон