Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Маслиҳатҳои ҳуқуқшинос

 

Савол: Дар ҳолати надоштани никоҳи расмӣ ва зиндагонӣ кардан дар асоси никоҳи мусулмонӣ баъди барҳам хурдани оила ва бо ному насаби зан гирифта шудани шаҳодатномаи таваллуд, оё зан ҳуқуқ дорад, ки барои гирифтани алимент барои нигоҳубини фарзандон ба суд муроҷиат намояд?

Ҷавоб: Бале, дар сурати аз падару модари ақди никоҳ надошта таваллуд шудани кӯдак ва набудани аризаи муштарак ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак дар асоси аризаи шахси кӯдакро дар тарбия дошта ва баъди балоғат расидани кӯдак дар асоси аризаи шахсии мутобиқи моддаи 50 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи судӣ муайян карда шуда, алимент барои нигоҳубини кӯдак мутобиқи талаботи Кодекси мазкур таъин карда мешавад.

Савол: Оё мумкин аст, ки бо духтари ноболиғи ба сини 18 солагӣ расида оила бунён шавад ва никоҳи мазкур дар мақомоти саби асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад?

Ҷавоб: Мутобиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010 № 613 ворид карда шудааст, сини никоҳи дар ҷумҳурӣ аз 18 солагӣ муқаррар гардида, дар ҳолатҳои истиснои бо ҳалномаи судӣ мумкин аст, ки сини никоҳи аз 17 солагӣ муайян карда шавад. Бинобар ин, бастани ақди никоҳ бо ашхоси ба сини 16 солагӣ расида ғайриимкон мебошад.

Савол: Мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳолатҳо монеаи барои бастани ақди никоҳ шуда метавонанд?

Ҷавоб: Қобили қайд аст, ки ҳолатҳои мазкур дар моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаян гардида, инҳо мебошанд:

  • - бастани ақди никоҳи байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари бақайдгирифташуда, қарор дорад;
  • - бастани никоҳ байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай( ки аз як падар ва як модар мебошанд);
  • -бастани ақди никоҳ байни фарзандхондагон ва фарзандхоншудагон;
  • - бастани ақди никоҳ байни шахсоне, ки яке аз онҳоро суд бо сабаби суиистифода аз нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи мухаддир ғайриқобили амал эътироф кардааст;

Бастани ақди никоҳ байни шахсоне, ки яке аз онҳоро суд бо сабаби бемории руҳӣ ё сустақли ғайриқобили амал эътироф кардааст;

Савол: Мутобиқи қонунгузории амалкунанди Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом амвол моликияти муштараки зану шавҳар эътироф карда мешавад?

Ҷавоб: Мутобиқи моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи дар давраи оиладорӣ ба даст овардаи зану шавҳар моликияти муштараки онҳо эътироф карда мешавад.

Даромаде, ки зану шавҳар дар давраи зиндагӣ аз натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зехӣ ба даст овардаанд, инчунин нафақа, ёрдампулӣ, қоғазҳои қимматнок, амволи харидоришуда новобаста аз он, ки ба номи ки номнавис шудааст, амволи муштарак эътироф карда мешавад.