Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Маслиҳатҳои равоншинос

 

Совол:Чи гуна холати стрессивиро осон гузаронид?

Чавоб: Албатта ба мутахасис психолог бояд муроҷиат кард.Шахсе дар холати стресс карор дорад дар бисёр холатхо худаш танхо аз он холат баромада наметавонад. Ва мумкин аст шумо дар холати стресивӣ роҳи дурусти ҳалли масъаларо наёбед. Ба хамин хотир ба Шумо ёрии шахси маълумоти психологӣ надошта дар бисёр мавридҳо зиёдатӣ мешавад ӯ метавонад ба таври нодуруст ҳолатро шарҳ диҳат ва аҳволи шуморо боз бадтар намояд. Дар кори психолог махфият аввалиндараҷа мебошад, баъдан мутахассис кӯшиш менамояд, ки шуморо бе буридани суханатон шунавад,ки он ба шумо сабукии эмотсионалӣ меорад, дар охир ба шумо шароити тахлили дурустро мухаё менамояд.

Савол:Чи гуна ғазаби худро идора бояд кард?

Ҷавоб: Дар ҳаёти ҳар инсон ҳастанд мавридҳое, ки ғазабнок мешавад. Лекин идора намудани ғазаб низ роҳу усулҳои худро дорад.Барои идораи он мо бояд чанд вақт кӯшиш намоем, то рафтори худро зери мушоҳида қарор диҳем. Сабабҳо ва сарчашмаи ғазабнокшавиамонро муайян намоем. Баъди ин оҳиста-оҳиста он сабабҳоро санҷида роҳи дурусти ҳалашро ёбем. Рохи дурустро, ки ёфтед кӯшиш менамоед,ки худро ба даст гиред. Ин, албатта, ба осонӣ ба даст намеояд. Ин кор яку якбора ба анҷом намерасад. Шумо дар аввал дар вақти мушоҳида шумораи ғазабнокшавиро низ бояд муайян карда бошед ва он шумораро ҳар рӯз кам менамоед. Дар давоми 2 моҳи истифодаи ин усул ҳатман ғазаби худро идора карданро меомӯзед.

Савол:Шавҳарам маро ҳамеша лату кӯб мекунад. Ҳолатҳое мешаванд, ки метарсам, моро накушад. Дар ҳамин ҳолатҳо чи кор кардан даркор?

Ҷавоб: Албатта, дар оилае,ки хушунат дида мешавад, ҳар ҳодиса шуданаш мумкин. Ба ҳамин хотир ҷабрдида ҳамеша омода буданаш даркор. Ин омодагӣ аз чи иборат аст? Ӯ бояд дар як сумка докуметҳои даркорӣ (ба мисли шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон ,паспорт, аз хона ,ақди никоҳ) ягон сару либоси зарура, дорувориҳои зарурӣ то дар лаҳзаҳои душвортарин, ки ҳис мекунад ҳар ҳодиса шуданаш мумкин бо кӯдакон ва ҳамон сумкаи гирифта гурезад.Ҷони худ ва фарзандонашро аз бало эмин дорад.

Савол:Духтарамро каме ҷанг кунам хамеша аз худкушӣ ҳарф мезанад. Ман ҳамеша дар ҳаросам, ки ӯ ин корро накунад. Чи маслиҳат медиҳед?

Ҷавоб: Вай, аллбата, инро барои тарс додани шумо мекунад. Бо ин кораш худро ҳимоя карданӣ мешавад. Ва ин корро ягон вақт сари қаҳраш карданаш мумкин, то шуморо бовар кунонад. Ягон одами худкӯш худро то охир куштан намехоҳад, албатта инро барои тарсондани фишороварандаи худ мекунад. Барои ҳамин шумо нисбати рафторҳои ӯ каме камтар аҳамият диҳеду, бо боварӣ ба у муносибат кунед. Бо боварӣ муносибат кардан ин маънои тарси худро нисбати тахдидхои у нишон додан нест. Агар вай пай барад, ки шумо аз таҳдидҳои ӯ метарсед, ӯ фишорро нисбати шумо зиёдтар мекунад ва идора намудани ӯ аз имкон берун мешавад. Барои ҳамин шумо кӯшиш кунед ҳамеша ба ҳолати руҳии ӯ нигоҳ карда рафтор намоед дар холати оромӣ ба ӯ муносибат намоед то худбаходихиаш мӯътадил бошад.