Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ёрии ҳуқуқӣ

 


1. Синни никоҳӣ дар Тоҷикистон аз чандсолагӣ муқаррар карда шудааcт?

- Синни никоҳӣ дар Тоҷикистон аз 18 солагӣ муқаррар карда шудааст.

2. Оё шахси ба синни никоҳӣ нарасида метавонад ақди никоҳ бандад?

- Дар ҳолати истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳиро (ҳаждаҳсолагӣ) барои марду зан ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

3. Кадом мақомот ҳуқуқ дорад, ки синни никоҳиро кам намояд?

- Кам кардани синни никоҳӣ ба ваколати суд мансуб мебошад. Ариза дар ин хусус ба суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синни никоҳиаш кам карда мешавад, дода мешавад.

4. Барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида падару модар ҷавобгар мебошанд?

- Мутобиқи моддаи 168 Кодекси ҷиноятӣ ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби волидайн (падару модар) ё шахсе, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсе, ки ӯ тобеи онҳо мебошад,ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан, бо корҳои ислоҳӣ то ду сол, ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

5. Барои бекор кардани ақди никоҳ ба кадом мақомот муроҷиат кардан мумкин аст?

- Агар ҳамсарон барои бекор намудани ақди никоҳи худ розӣ буда, фарзандони умумии ноболиғ надошта бошанд, аризаи онҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи зисти ҳамсарон ҳал карда мешавад.

- Бекор кардани ақди никоҳ дар суд дар ҳолатҳои зерин ба миён меояд:

  • агар ҳамсарон фарзанди умумии ноболиғ дошта бошанд;
  • агар яке аз ҳамсарон барои бекор намудани ақди никоҳ розӣ набошад.

6. Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ бо тартиби судӣ ситонида мешавад, чӣ қадар аст?

- Андозаи алименте, ки бо қарори суд ҳар моҳ барои таъминоти моддии кӯдак ситонида мешавад:

  • барои як фарзанд – аз чор як ҳисса (25%);
  • барои ду фарзанд – аз се як ҳисса (33%);
  • барои се ва зиёда фарзанд – нисфи даромади пардохткунандаи алимент (50%).

7. Чи гуна ҷавобгарӣ барои саркашӣ аз пардохти алимент пешбинӣ шудааст?

- Мутобиқи моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ бадқасдона, яъне бе сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани волидайн аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчуни фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст, бо ҷарима, ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат таъин мегардад.

8. Андозаи ҳиссаи заношӯии ҳамсари зинда монда чӣ гуна аст?

- Андозаи ҳиссаи ҳамсар 1\2(аз ду як қисми) ҳиссаро дар ҳуқуқи моликият ба ҳамаи молу мулке, ки ҳамсарон дар давраи заношӯӣ ба даст оварда буданд, ташкил медиҳад. Яъне ҳиссаи зану шавҳар баробар мебошад.