Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Истиқлолият, ифтихори бузурги соҳибватанӣ, сарчашмаи хушбахтию хушрӯзӣ ва сарбаландиву сарсабзии тамоми мардуми кишвар аст.

             Бисту шаш сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузург - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди муборак, яъне пайвастани оини давлатдории навини худро бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.                                                        Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки бо заҳмати басо сангин, азму талошҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми озодихоҳи мо ба даст омада, дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллатамон оғози марҳилаи сифатан нав гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.                       

Дар арафаи расидан ба истиқлолият бадхоҳони миллати тоҷик бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, яъне бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки таҳти таъсири онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён аз байн рафта буд, тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Мардуми тоҷик оқибатҳои фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид.            

Вале бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ дар як муддати кӯтоҳ қувваҳои солими ҷомеаи мо зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиори якпорчагӣ ва парчами мардонагиву нангу номус ба ҳам омада, якдилона роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро  интихоб карданд ва имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон чун муҳимтарин дастоварди таърихии давраи истиқлолият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби нодири омӯзиш табдил ёфтааст.  

         Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 26- соли истиқлолият пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Аз ҳамин хотир  сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди мамлакат ва ба хусус занону модарон ба ҳисоб меравад.                                                         Ҳамчунин, дар зарфи 26 соли Истиқлолият бо иқдом ва ҷоннисориву аз худ гузаштанҳои Сарвари оқилу бохирад, инсондӯсту ватанпарвар, Пешвои муаззами миллат сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ дар шароити басо вазнин барқарор гардида, зиёда аз як миллион гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонида, миллати тоҷикро сарҷамъ карда шуд. Роҳҳои оҳану мошинагард, нақбу пулҳо, нерӯгоҳу бемористонҳои нав ва садҳо иншоотҳои дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ бунёд гардида истода, дар тамоми манотиқи кишвар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, водии Рашт ва дигар ноҳияҳои тобеи марказ созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза пайдо намуда истодааст.                                                          Дар пойтахти кишварамон бунёд гардидани Қасри миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Майдони Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Осорхонаи миллӣ,  бинои наву замонавии факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳу Динишкадаҳо ҳамчун марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ, зиёда аз ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд, ки дар хизмати наслҳои имрӯзаву оянда қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон, боғу гулгаштҳои наву замонавӣ ба таври шинохтанашаванда пойтахтро ҳусни тоза бахшида истодаанд.

Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Ин бунёдкорӣ, созандагиҳои азим обрӯи халқи тоҷикро дар минтақа ва ҷаҳон афзуда, кишварро ба сӯи ояндаи неку шукуфон  пеш мебарад.                              Халқи тоҷик дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби бузургтарин фарзандони фарзона, чеҳраҳои сиёсату илм, маърифату ҷомеашиносии дунё ба ҳайси як миллати соҳибхирад ва ватандӯсту озодихоҳ эътирофу шинохта шудааст, ки дар тамоми марҳилаҳои тараққиву пешрафти ҷомеа барои озодӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлоли худ пайгирона талош меварзад.         Бояд тазаккур дод, ки моҳи  марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои муштарак-ул-манофеъ таҷрибаи аввалин буд. Ҳадаф аз таъсиси Кумита дар лаҳзаҳои вазнинтарини давлатдорӣ, ки ҷумҳурӣ ба кӯмаку дастгирии ҳар як сокини худ ниёз дошт, пеш аз ҳама муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ , беҳдошти вазъи занон, ҳифзи оила ва модару кӯдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ, ташкили маишату истироҳати занон иборат буд. Истиқлолият ба зани тоҷик соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ эҳдо намуда, аз ӯ талаб намуд, то фаъолона ба маҷрои созандагии кишвараш ворид гашта, хушбахтии хеш ва фарзандонашро бо дасти худ бисозад. Эҳсоси ватандорию ифтихори миллии худро соҳиб бошад, нишон диҳад, ки  дар масъулиятшиносӣ ӯ аз мард кам нест. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ, ба тасвиб расиданд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ  барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд.

         Аз ҷумла, Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа», ин ҳуҷчати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо  санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон -  Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 8.08.2001 №391), боби иловагӣ ба Барномаи мазкур «Дастрасии занони деҳот ба замин» (30.04.2004, №196), Дар бораи Барномаи  давлатии ««Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 1.11.2006, №496,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии  баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари истифодабарии онҳо», ки татбиқи пайдарҳами онҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 269 аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»,   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19.03.2013, №954, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” аз 03.05.2014, №294, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиби нав аз 01.04.2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022», Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ гардид ва даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ- иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи  сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина  гузошт.   

       Самараи истиқлолият буд, ки имрӯз садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаҳои ҳуқуқбунёд ва  демократӣ  дар ҷаҳон мебошанд, дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои ба дастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд. Аз пешрафти тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳокимияти давлатӣ интихоботҳои парлумони кишвар гувоҳӣ медиҳад.

         Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият –мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.                           Айни ҳол дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз шумораи 18969 нафар хизматчиёни давлатӣ 4 176 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.    Аз 5610 кадрҳои роҳбарикунандаи шумораи хизматчиёни давлатӣ 1016 нафари он занон мебошанд.. Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 11619 хизматчиёни давлатӣ фаъолият менамоянд, ки 2619 нафари он занон буда, аз ин шумора 483 нафар занон кадрҳои роҳбарикунанла  мебошанд.                       

Айни ҳол 7 нафар зан раисони шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ   мебошанд.           Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 65890 нафар занон муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва 3982 нафар занон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаъолият менамоянд, ки беш аз 65 фоизи шумораи умумии омӯзгорони кишварро ташкил медиҳанд.        

         Саҳми назарраси занон дар рушди соҳаи тандурустӣ низ баръало мушоҳида мегардад. Имруз 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ба мактабҳои миёна ва олии кишвар давлат ва Ҳукумат  ғамхориҳои зиёде  зоҳир менамояд. Маҳз барои аз кӯҳистони дурдасти кишварамон ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани духтарон  Квотаи Президентӣ таъсис ёфт, ки   аз соли 1997 то  ба  имрӯз  дар  мактабҳои олии кишвар 11194 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст тибқи квота қабул гардидаанд.  

 Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии соҳибкории занону духтарон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз соли 2006 инҷониб бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 307 аз 04.07.2006, № 448 аз 04.09.2008 ва №185 аз 02.04.2011 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.         Бо мақсади иҷрои қарори № 645 аз 2 ноябри соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» 80 адад грантҳои Президенти ҷудо карда мешаванд.

Дар ин раванд аз 415 лоиҳа, ки  аз ҷониби соҳибкорзанон ва занони хонанишин дар соли 2017 ба Кумита ворид гардида буд, аз тарафи Комиссияи грантӣ баррасӣ гардида, 80 лоиҳаҳои беҳтарин бо назардошти мақсаднокиашон тибқи қоидаҳои Қарори мазкур ғолиби озмуни гранти Президентӣ гардиданд, ки санаи 30 июни соли ҷорӣ дар Кумита муаррифии гирандагони  гранти Президентӣ баргузор гардид.

Дастгирии ятимону бепарасторон ва аҳолии ниёзманд, ки худ яке аз масълаҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии сарвари давлат ба шумор меравад,      бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  31.12.2008 № 670 дар назди кумита Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» таъсис дода шуд, ки дар он аз тамоми манотиқи кишвар донишҷӯдухтарон ба таълиму тадрис фаро гирифта мешаванд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароитро ҷиҳати болоравии мақому манзалати зан- модар, вазъи иҷтимоӣ  маълумотнокӣ ва ба меҳнат ҷалб кардани онҳо дар тамоми самтҳо, дар заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барои мо, бонувон фароҳам овардааст. Ба андешаи ман, боқӣ, зимоми ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мо дар дасти худи мост ва мо бояд ҳамроҳ  аз ҳуқуқу  манфиатҳои хеш дифоъ бикунем.                                      Бояд ба қадри ин ғамхориҳои меҳрубононаю самимонаи Пешвои муаззами худ ва  Ҳукумати ҷумҳурӣ бирасем, расму оин анъанаҳои миллӣ, забони модарии худро нигоҳ дорем, зеро расму оин , аз ҷумла либоси миллӣ ифодагар ва яке аз рукнҳои аслии ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.     

Пас, агар андешаҳои мо миллатдӯстона  бошанд, дониши кофӣ оид ба таъриху дин, фарҳангу оини хеш дошта бошем, танҳо он гоҳ мо либоси миллии хешро ҳифзкарда метавонем.

 Пайравии кӯркурона  ва ноогоҳона аз тарзи либоспӯшӣ ва гаравидан ба гуруҳҳои мазҳабии экстремистӣ миллату истиқлолияти моро ба сӯи хатарҳо ва ноамнӣ мекашонад, бегона аз худ ва душман ба миллати худ хоҳем гашт.

Аз ин лиҳоз, ба тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд. Имрӯз ҳар як фарди ватандор хоса насли ҷавонро бояд , ки дар ниҳоди хеш андешаи озодиву озодагиро бипарастанд,  то бузургтарин неъмати Худовандиро, ки бо номи озодӣ ба мо додааст, ҳифз намоянду арҷ гузоранд. Зеро ҳар он касе андеша дорад, ки истиқлолият  саҳлу осон ба даст омадааст, гумони ботил мекунад. Мо Истиқлол ёфтем ва ҳоло барои ҳифзи ин неъмати гаронбаҳои он бояд талош варзем. Худшиносӣ чун меваи шаҳдбори даврони истиқлолият насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад.                                              Истиқлолияти ватани мо бо сиёсати сулҳовари  Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои истиқлолияти Ватанро дар ҷаридаи таърихи миллат истеҳкоми ҷовидона бахшидааст ва ба чашми ҷаҳониён чун миллати соҳибэҳтирому сулҳхоҳу покҷавҳар, бунёдгару созанда ҷилвагар аст.      

Мо бояд ҳамеша аз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ  мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем ва пойдевори азими давлати миллиамонро зина ба зина устувору қавӣ гардонем. Бояд шукрона кунем, ки Ватани азизу давлати соҳибистиқлол дорем ва дар он сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ побарҷост.                                                                           Дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа Сарвари давлат як нуктаро зикр намуданд: Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ  ва хиёнат ба манфиатҳои миллат  ва давлати Тоҷикистонро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро  пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.       Имрӯз моро лозим аст, ки ҷавононро дар руҳияи арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихор ба таърих, фарҳанг, пос доштани ваҳдату ягонагӣ, дӯст доштани ватану миллати азизи хеш ҳидоят намоем. Дар ин ҷода қабл аз дигарон, бояд занону духтарон масъулияти бештаре дошта бошанд. Зеро онҳо нигаҳдорандагони чароғи хираду маърифат ва ахлоқу маънавиёт дар оила ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.                             

            Бо ҳамин таманиёти нек мардуми сарбаланди кишвари азизамонро ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик мегӯям. Бигузор, ғояи волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва зиндагии осоиштаи мардум ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон гардад!