Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Нақши зан дар ҷомеа

 

Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин сиёсат чун дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар ҳамеша Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд ва хоҳанд буд.

Бешак, хизматҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон, нахустустоди башарият бағоят бузург аст. Ин маъниҳо дар ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, даъвату муроҷиат, дастуру супоришҳо, паёмҳои табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Модар, суханрониҳояшон аз минбарҳои ватанию хориҷӣ, ҷамъомаду вохӯриҳо бо занону табақаҳои мухталифи ҷомеа равшан ифода ёфтаанд. «Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Дар қалби бузурги модар ҷахон  ҷой мегирад»,- таъкид менамояд Пешвои миллат.

Аслан сиришти занону модарон аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарми ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва банангу номус аст».

Мусаллам аст, ки ному хизматҳои тамоми шахсиятҳои бузург бо ному хидматҳои зан-модар робитаи зич дорад. Чӣ дар бораи мардон, чӣ ҷавонон, табақаҳои гуногуни аҳолӣ сухан ронем, онҳоро бе фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст. Умуман пешрафт ва рушду нумӯи зиндагӣ, ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ метавон гуфт, ки аз ҳастии зан-модар сарчашма мегирад. Зеро зан-модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Бесабаб нест, ки бузургон волотарин панду ҳикматҳоро дар ситоиши зан-модар гуфтаанд, шоирону нависандагон писандидатарин маъниҳоро ба зан-модар нисбат додаанд.

Давлату ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ, густариши фаъолияти ташкилотчигию ҷамъиятии мехнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳалли проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ дар тӯли солҳои истиқлолият маҷмӯи тадбирҳои имконпазирро андешида амалӣ мегардонанд, ки онҳо дар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд. Бахусус ба камол расонидани фарзандони солим, ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд, баору номус дар шароити кунунӣ беш аз пеш аҳамият пайдо мекунанд ва расидан ба ин ҳадафҳои инсондустона, ба ҷо овардани ин рисолати бузург ба ному хизматҳои зан-модар сахт марбут аст. Зеро назар ба суханҳои хикматомӯзи Сарвари давлат «нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, ворисони он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо, пеш аз ҳама, худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд... Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ бошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад».

Мутаассифона, имрӯз бо чунин занону модароне дучор шудан мумкин аст, ки худро дар омӯзиши донишҳои дунявӣ аз ҳамқадам будан бо ҷомеаи умумибашарӣ дар канор гирифта, суннатҳои миллиро ба кунҷи фаромӯшӣ ниҳодаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар тарзи либоспӯшӣ ру ба бегонапарастӣ оварда, дар тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, ки бо чунин ҳолати ногувор набояд муросо кард.

Дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳо ҷиҳати ба камол расонидани ворисони сазовори миллат, риояи суннатҳои аҷдодӣ, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани ҳама гуна тақлидкориҳои кӯркӯрона нақши муассир мебозанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, занону модарон вазифадоранд, ки дар риояи талаботи қонунҳои мазкур намунаи иборат бошанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо корҳои маърифатию тарғиботиро дар байни аҳолӣ таҳқим бахшанд, ба раисони маҳаллаҳо, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросимҳо ёрии амалӣ расонанд. Модаронро зарур аст, ки писарону духтарони худро дар истифодаи интернету телефонҳои мобилӣ таҳти назорати доимӣ гиранд ва дилбастагиву шавқу завқи онҳоро ҳарчи бештар ба китобу китобхонӣ бедор намоянд. Зеро мутолиаи навиштаҳои чопи электронӣ ва тамошои наворҳои интернет, ки аксаран бо фаҳшу фуҷур олудаанд, ахлоқи ҷавононро коста гардонида, оқибат боиси тира гаштани тафаккури онҳо ва пайвастан ба ҳама гуна ҳаракатҳои тундрав мегарданд.

Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар бори дигар таваҷҷуҳи баланд ва эҳтирому эътибори хосаи давлату ҳукумати кишварро нисбат ба зан-модар собит месозад, ки он ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид карда шуда, ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ва тантанаву шукуҳи хоса таҷлил мегардад. «Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқи арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандаи ҳаёти инсонӣ собит созем,- таъкид намуданд дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат.- Зеро асли ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳанд».

Таърихи башарият борҳо бузургии занону модарони соҳибмаърифтаро собит кардааст. Модарони донишманд ҳамеша боиси ифтихоранд, ки онҳо ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамоянд ва мекӯшанд, ки ӯро ба сӯйи зиндагии шоиставу пурсаодат роҳнамоӣ созанд. Заҳматҳои беназири зан-модар дар хаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли ҷомеаи моро водор месозад, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барояш шароитхои мусоид омода кунем, то ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони соҳибмаърифатро тарбия намоянд.

Модаре, ки донишманд аст, фарзандони ӯ низ маърифати баланд дошта, дар роҳи донишандӯзӣ қадамҳои устувор мегузоранд ва худшиносу худогоҳанд; модаре, ки хушахлоқ аст, мекӯшад, ки фарзандонаш низ бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия ёфта, ба камол бирасанд; модаре, ки омӯзгору китобхон аст, мехоҳад, ки ҷигарбандонаш низ ба китобу китобхонӣ меҳру муҳаббат дошта бошанд; модаре, ки риояи суннатҳои миллиро ҳадафи зиндагии худ қарор додааст, ҳаргиз намехоҳад, ки пайвандонаш рӯ ба унсурҳои бегона оваранд; модаре, ки забондону ҷаҳондон аст, фарзандони ӯ низ аз донишҳои умумибашарӣ, урфу одат ва суннатҳои аҷдодии халқу миллатҳои сайёраамон бархудоранд. Фарзандони модари соҳибҳунар бешак, ба меҳнати ҳалолу софдилона дилбастагӣ доранд, духтарони модари кадбону албатта, ба пухтани таомхои лазиз майлу рағбат доранд, онҳо инсондӯст, дидадаро ва меҳмоннавоз хоҳанд буд; парвардагони модари варзишгар аксаран чусту чолок, қавииродаву боҷасорат буда, қадду басти расо ва тану рӯҳи солим доранд... Ҳамаи ин хислатҳои наҷиби инсонӣ ба фарзандон имкон медиҳанд, ки ҳангоми ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон мушкилоти рӯзгорро паси cap намоянд, дар хонадонашон шахсони соҳибэҳтирому баобрӯю иззат бошанд ва дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, баланд бародоштани фарҳангӣ хонаводагӣ нақши муассир гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки: «Имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама, шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мост».

Оре, ҳамин аст рисолати модарӣ ва масъулияти бузурге, ки имрӯз бар души занони тоҷик гузошта шудааст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи занону модарон чун дар дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатдорӣ саршори панду ҳикматҳо буда, ҳар яки моро ба иҷрои вазифаҳои муҳим дар тарбияи ворисон, ҳамчунин пос доштани иззату эҳтироми зан-модар, арҷгузорӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ ҳидоят месозанд. Аз ин рӯ, суханҳои раҳнамунсозу ҳикматомӯзи Сарвари давлат бояд дастури рӯйимизии ҳар як хонадон ва ташкилоту муассиса бошад. Шарту зарур аст, ки қабл аз ҳама мо, модарон, чунин нуқтаҳои инсонпарваронаро гаштаю баргашта мутолиа намоем, омӯзем ва дар ҳаёти ҳаррузаамон татбиқ намоем: «Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад... Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад... Занони кишвари мо низ ба мисли занони давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба зиндагии хубтаре хақ доранд ва ман итминони комил дорам, ки ин орзуҳо зина ба зина амалӣ хоҳанд гардид... Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони банангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадаманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст...».

            Пас, занону модарон бояд тавре кору зиндагӣ кунанд, ки рисолати модариро сарбаландона ба ҷо оварда, бо рафтору гуфтор ва хизматҳои софдилонаи худ ба боварию эътимоди Пешвои миллат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, умуман, халқу диёр пайваста таҳким бубахшанд ва дар ҷодаҳои ҳаёт ҳамеша арзандаи ҳама гуна эҳтирому қадршиносӣ ва дӯстдорӣ бошанд.