Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Марҳилаи тақдирсози миллат

 

Ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар сарзамини мо воқеае ба вуқуъ пайваст, ки дар тақдири халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тағйироти куллиро ба миён овард, ки ҳеҷ кас интирзораш набуд.

9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул намуд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва он аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти миллатамон башорат дод.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд, вале ин дер напоид. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷии байни мардум низоъ ангехта шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафотҳои калони молӣ ва маънавӣ гашт, пояҳои асосии давлатдорӣ фалаҷ шуда, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳо ҷумҳуриро фаро гирифт. Омилҳои сиёсӣ боис гаштанд, ки Ҳукумати муросои миллӣ дар ҳайати пурра ба истеъфо равад.

Дар ин замон на давлат вуҷуд дошту на салтанати давлатдорӣ. На ҳомиёни ватан мавҷуд буду на ҳомиёни ҳуқуқ ва танҳо дар ин маврид силоҳбадаст ҳомии мутлақ буду чизе мехост иҷро менамуд, касеро мехост қатл менамуд ва шахсе, ки маъқули ӯ набуд ба коми аҷал мекашид.

Дар ин марҳила Тоҷикистони азизро яъсу ноумедӣ фаро гирифта, алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ба коми худ фурӯ мебурд. Ҳамсоя хонаи ҳамсояро оташ мезаду ҳамдеҳа аз ҳамдеҳа интиқом меситонид. Бародар бо бародар гиребон медарид. Падар ба фарзанд боварӣ надошту писар ба падар. Ҳаммилат хуни ҳаммилат мерехт. Модарон дар ҳасрати нон аз нимишабӣ дар навбати нон меистоданду кӯдакони бечора аз гуруснагӣ ҷон ба орзуи як пора нон месупориданд.

Даҳон ғарқоби хун, оғуш пур аз хун, домон пур аз хун хатари таҳдиди нестшавии миллат ба миён омада буд.

Бинобар ин дар Марҳиллаи тақдирсозӣ миллат зарурати воқеи даъват намудани Иҷлосия навбатии XVI Шӯрои Олӣ ва ташкили ҳукумати нави қонунӣ ба миён омад.

Бояд ба эътибор гирифт, ки ин иҷлосия як марҳилаи муҳим гардид барои бартараф намудани душвориҳое, ки дар назди давлату ҳукумат буданд. Аз ҳама кори муҳиме, ки иҷлосия анҷом дод, роҳбари сиёсии кишварро интихоб кард.

Вакилони халқ бо дарки масъулияти ба душ доштаашон ба ҷойи идоракунии президентӣ идоракунии парлумониро ҷонибдорӣ карданд. Дар ин иҷлосия номзадии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бо аксарияти овозҳо Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа интихоб шуд. Намояндагони халқ Эмомалӣ Раҳмонро бо назардошти қобилияти кордонӣ ва ҳақталошию бомаърифатиаш бо амри дилу виҷдон интихоб намуданд.

Сарвари навини давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахуст ба халқи Тоҷикистон дилпурона муроҷиат намуд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хело душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯмандаи тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чун ки ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ сохтани аҳду паймон аз рӯзу моҳҳои аввали ба вазифа шурӯъ намудан чораҳои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳро дар мамлакат андешида, қабули Нишон ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои аввалини таҳияи Конститутсияи нав ва сохтори конститутсиониро ба роҳ монд.

Пешвои муаззами миллат аз замири мардум аз қалби мардум аз байни мардум сабзида рӯи кор омад. Ва дар баробари мардум ҳамаи он душвориву ин хунрезиҳоро бартараф намуда, ҳамқадами халқ ба ҷойгаҳи шоистасолор соҳиб гардид. Чун сухан сари шинохти чеҳраи сиёсии як фарзанди фарзонаи миллати тоҷик рафт, дар назар бояд гирифт, ки сиёсат ҳамчун қисми таркибии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва самти фаъолият аз ҳар як шахсе, ки вориди он шудан мехоҳад, донишу малака, азму талош, масъулияту ташаббус ва иродаи мустаҳкамро талаб менамояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сармеъмори давлати тоҷикон бо нури хиради азалӣ ва заковату истеъдоди воло бо азму иродаи қавӣ ва нерӯи созандаву дурбинона ба халқу Ватани маҳбубаш хизмати шоиставу арзанда карда нақши аввалиндараҷаро бозидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурбинонаи хеш пояҳои сулҳу ваҳдатро дар кишвар умри дубора бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлолро бори дигар ба чашми ҷаҳониён чун миллати сулҳхоҳу покҷавҳар, бунёдгару созанда ҷилвагар намуд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат Қонуни нави забон таҳия ва қабул гардид, ки он баъди ҳазорсолаҳо забони тоҷикиро чун тоҷи сар ба маснади баланду волои давлати тоҷикон мушарраф гардонид.

Аз ин ҷост, ки Сарвари давлатамон миллати тоҷикро ҳамчун мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёд, сулҳофару ватандӯст, қофиласолору бофарҳанг, сухангӯву порсо, достоннавису эҷодкор ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ба ақлу заковат ва хираду созандагии миллати хеш такя менамоянд. Маҳз, бовариву садоқати Сарвари давлат ба халқу миллати хеш буд, ки имрӯз таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи ӯ мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи Ватан созандагиву бунёдкориро пеша намуда, дар устувор намудани пояҳои истиқлолият саҳми босазо мегузоранд.

Ҷаноби олӣ занонро ба нигини пурҷилои тоҷи миллат шабоҳат дода буд, ки ин беҳтарин баҳо аз ҷониби сарвари давлат аст, чун фарру зебоии ҳама гуна тоҷ аз нигини он вобастагӣ дорад.

Маълум аст, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали мустақилият праблемаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамчун калиди меҳварӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос кор карда баромад.

Моҳи сентябри соли 1998, таҳти №363 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид ва барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.

Хушбахтона бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.05, №89 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатии «Самтҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010, «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад. «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ қабул шудаанд, ки тадбиқи онҳо баҳри беҳтар гардонидани мақоми зан дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба роҳ монда шуданд.

Яке аз санадҳои муҳиме, ки дар ин самт нақши асосӣ дорад, татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», ки татбиқи он бо мувафақият ҷамбаст гардида барои сиёсати дурбинонаву ҳадафҳои созандаи барномаи мазкур марҳилаи дуюми он аз 1апрели 2017, №158 барои солҳои 2017-2022 ба тавсиб расид.

Боиси ифтихор аст, ки нақши Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ мақому манзалати воло дошта, ҳамчун ифодасозандаи давлати миллии тоҷикон, машъалафрӯзандаи роҳи саодат ва нишоту хуррамӣ таҷассум ёфтааст. Арҷгузорӣ ва меҳру садоқати занону модарон ба Президенти кишвар беинтиҳо буда, дар симои Пешвои муаззами худ фарзанди содиқу вафодор, ғамхору ятимпарвар ва пуштибону ҳомиро мебинанд. Меҳри Пешвои миллат дар дилу дидаи занону модарон бо нерӯи сиёсати созандаву инсонпарваронаашон маъво гирифта, ҳамчун фарзанди фарзонаву бохирад, соҳибдилу соҳибмаърифат баҳри пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар замирашон мондагор хоҳад буд.

Дар охир ҳаминро қайд карданиам, ки мо занон бар ивази ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар кор кунем, пайваста донишу малакаи худро такмил диҳем, худро созем шахсияти худро танҳо бо меҳнати ҳалолу ҷаҳду талоши ватандорию ватансозӣ муаррифӣ намоем. Пеш аз ҳама, мақсад гузошта тавонему баҳри ба даст овардани обрӯю зиндагии шоиста кӯшиш намоем. Сулҳу оромиро ҳамчун гаҳвараки чашм ҳифз намуда, онро барои фарзандонамон интиқол диҳем.