Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

ТЕРРОРИЗМ МИЛЛАТ НАДОРАД

 

«Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар замони муосир қувватгирии равияҳои ҳурофотию ифротгароӣ бо суръати баланд рафта истодааст. Ин таҳдиди ҷиддӣ дар самти моил намудани ҷавонон ба чунин равияҳо буда, хатари ҷиддиеро дар роҳи суботу амният метавонанд пеш оваранд. Шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Террористон дар роҳи ба даст овардани мақсад ва васеъ намудани доираи фаъолияти худ раҳму шафқат ва эҳсоси инсониро аз даст медиҳанд,  ба бадномкунии дини мубини ислом даст мезананд. Террористон шахсонеанд, ки барояшон ягон муқаддасот аз қабили Ватан, Модар, дин, мазҳаб арзише надорад. Онҳо ҷавонони моро фақат барои манфиатҳои нопокашон истифода бурда, бар зидди модар, хоҳар, бародар, падар, ватан, миллат раҳнамоӣ мекунанд, ки ин моро ҳушдор месозад, то нисбат ба масъалаи пешгирии хурофот ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта дида бомасъулиятона муносибат дошта бошем. Зеро воқеият нишон медиҳад, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳам ин зуҳуроти манфӣ ҷой дошта, қаллобӣ ва фиреби руйирости мардуми ноогоҳ аз ҷониби ин тоифа одамон ба чашм мерасад.

Пайдост, ки ҳар фарди ноогоҳ аз аҳамияти манфиатҳои миллӣ, агар ба доми “шайх”, “мулло” ё “отун”-и чаласавод биафтад, ба бозичае мубаддал мешавад, ки мавриди суиистифода қарор гирифта, ӯро барои иҷро кардани ҳар гуна нақши писандидаи хеш ба “бозӣ” медароранд.

Мутаассифона, на ҳама шаҳрвандон моҳияти ватандорӣ ва ҳимояти манофеи миллиро дарк мекунанд, бахусус, афроде ки мехоҳанд фарзандашон тарбияи дурусти диндорӣ бигиранд, то ахлоқи зишт дар ӯ напечад ва дар пиронсолӣ асои падар шавад. Аммо, фирефтаи таҳсили фарзанд дар хориҷи кишвар шуда, на танҳо ӯро аз даст медиҳанд, балки фарзандашон дарди сари кишвару ватан мегардад.

Мо бояд динро бо хурофот омехта накунем, зеро онҳое, ки хурофотро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон сохтаанд, бештар аз номи дин ва “Қуръон” баромад мекунанд ва симои аслии худро дар паси дини мубин пинҳон медоранд. Яке аз ҳадафҳои “Қуръон”-ро ба тоҷикӣ гардонидану ба теъдоди зиёд нашр намуда, дар  байни мардум паҳн намудани ин китоби муқаддас аз ҷониби Пешвои миллатамон ҳамин ҳадафро дошт, ки мардум худашон хондаву чӣ будани дини мубини Исломро дарк кунанд ва ба таассубу хурофот гирифтор нашаванд. Зеро як сабаби пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ ана ҳамин ноогаҳӣ аз асли дин мебошад.

Таъсиси даҳҳо шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчун василаи содда ва арзони муошират имконият фароҳам оварда истодааст, ки миллионҳо нафарон бад-ин васила вориди онҳо гашта, дар онҳо гуруҳҳои худро таъсис диҳанд. Мутаассифона, ҳаракату равияҳои ифротгаро ҳам аз ин технологияҳо васеъ истифода бурда истодаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб шуда истодаанд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини ислом, паст будани сатҳи маърифату дониш, бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа, нокомӣ дар мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ мегардад, ки оқибатҳои фоҷиаовар дорад.

Ҷаҳонишавӣ ва хусусиятҳои хоси он, ки суръати омезиши арзишҳоро пурзӯр менамояд, косташавии меъёрҳои мавҷударо низ қувват мебахшад.

Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия низ дар замони муосир хусусияти мушкил ба худ касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа уфуқҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар байни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати руҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд. Ҳатто онҳое, ки ба ин равияҳо шомил мешаванд, талоқдиҳиро тавассути телефонҳои мобилӣ ба ҳамсарашон раво мебинанд. Ҳол он, ки шариати ислом дар никоҳ, ки амри Худованд аст ва амри онро дар ояти мубораки сеюми сураи Нисо овардааст, ҳикматҳои зиёдеро дар бақои оилаи солим ва солимии ҷомеаи башарӣ дар ҷавҳари худ ғунҷонидааст.

Барои пешгирии он баланд бардоштани нақши оила ва фаъол гардонидани мавқеи он бениҳоят муҳим буда, иҷрои босифати уҳдадориҳои оилавӣ омили муҳими ташаккули шахсиятҳои худогоҳ мебошад. Бояд гуфт, ки нақши оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди  солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст. Бинобар ин, зарур аст, ки  имрӯз  ҷомеаи илмию фарҳангии  мо ин воқеиятро  амиқан эҳсос  намуда, дар  пешгирӣ  ва рафъи мушкилоти  дар ин замина   ба миён омадаро  ба таври дастаҷамъӣ саъю кушиш ба харҷ диҳад.

Таҷрибаи фаъолияти ҳаррӯза нишон медиҳад, ки дар низоми муносибатҳои оилавӣ ҳолатҳои зӯроварӣ дар масъалаи дар бар намудани сару либос ва дигар масоили дорои ҷанбаи эътиқодӣ баръало ба чашм расида, ҳатто оқибатҳои фалокатбор низ доранд.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз василаҳои ҷалби занон ба ҳаракатҳои ифротию муноқишаҳои давлатҳои Ироқ ва Сурия маҳз таъсири аъзои оила мебошад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат амиқу саривақтӣ ҳушдор доданд, ки «Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти Ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем». Зеро ифроту терроризм нобудкунандаи беҳтарин неъмати худододӣ-ҳаёти инсонӣ, вайронӣ, харобӣ ва даҳшатафканию марг аст.

Василаи муҳими фаъолгардонии ҷавонону занон ин дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба равандҳои иҷтимоии муосир мебошад, ки тавассути он имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад. Бад-ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин намуда, баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд.

Тақвият бахшидани корҳои фардии тарғиботӣ ва ташкили чорабиниҳои итилоотию маърифатӣ низ баҳри фаъолгардонии нақши ҷавонону занон дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.