Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ҷомеае, ки зан-модарро арҷгузорӣ менамояд, ояндадор аст!

 

 Дар ҳақиқат ҷомеае, ки ба зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худ ғамхорӣ менамояд. Давлате, ки нисбат ба зан-Модар –сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад..   

            Давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон  Зан-Модарро ҳамеша қувваи тавонои ободкориҳо медонист ва минбаъд ҳам чунин хоҳад монд.

             Барҳақ занон нерӯи созанда ва фаъоли ҷомеаи навини Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву иқтисодӣ, сиёсиву мадании кишвар кору фаъолият доранд. Имрӯзҳо зан-сарвар, зан-роҳбар, зан-бинокор, зан-меъмор, зан-ҳуқуқшинос, зан-равоншинос, зан-сарбоз, зан-табиб, зан-омӯзгор, зан-ронанда, зан-тарҷумон, зан-кишоварз, зан-боғбон, зан-соҳибкор, зан-варзишгар, зан- парчамбардор зан бунёдкор ва созандаву ободкор аст ва мемонад.

             Зан сазовори минбарест, ки тавассути он битавонад аз бурду бохташ, аз пешниҳоди назари хеш, аз ширкати фаъолонааш дар демократикунонии ҷомеа аз роҳи дурусти тарбияи духтари имрӯзу модари фардо андеша ронад.

              Дар ситоиши зан-Модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Хизмати Модар барои башарият беҳудуд аст. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.                                                                        

               Марде, ки нерӯ ва қувваи худро баҳри зӯроварӣ нисбати зан истифода мебарад, бешаку шубҳа ӯро марди ҳақиқӣ гуфтан ҷоиз нест. Онҳо азҳадгузарандагонанд. Худованд низ дар «Қурони карим» азҳадгузарандагонро дӯст намедорад.

             Оре, таърих гувоҳ аст, ки зан ҳамчун Модар, ҳамчун суханвар, ҳамчун эҷодкор ва ҳамчун бунёдкор дар ҷодаи зиндагӣ хидматҳои арзандае барои башарият кардааст. Бузургии зан ҳамчун Модар дар он аст, ки ӯ офарандаи ҳаёт аст. Қаҳрамониаш ин аст, ки: ба ақидаи шикастақалами номатлуби…

                         Гӯри занро жарфтар мекофтанд,

                         То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад.

                         То  зи  хоки  ӯ  нарӯяд  сабзае,

                          Боиси маъсияти покон шавад.

сар нафаровард ва дар зиндагӣ роҳи муборизаю озодипарастиро пеша намуда, то ба дараҷае расид, ки имрӯз мешиносандаш.

           Мо занони даврони Истиқлол аз он шукргузор ҳастем, ки дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарем ва сиёсати пешгирифта ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро аз дилу ҷон ҷонибдорӣ менамоем. Мефахрем аз он, ки Пешвои фарҳангсолор ва олиҳадӯстдор дорем. Қадру манзаллат ва мақому мароми Зан-Модар ин олиҳаи ҳуснро дар ҷомеаи кунунӣ баланд бардошт. Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки Фирдавсию Сино, Носири Хусраву Ҷалолуддини Рӯмӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодаю Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо фарзандони фарзона ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хидмати башарият додаст.

              Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарон қарзи фарзандӣ ва фарзии имонии ҳар як инсон аст.