Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Паём – дурнамои рушди устувор

 

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои фаъолияти сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ барои оянда мушаххас карда, соли 2018-ро бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд.

Дар ин масир Ҳукумати мамлакат муваззаф гардид, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат таваҷҷуҳу ғамхории беназирро  ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ зоҳир намуда, Ҳукумати мамлакат дар ин самт ҳамаи тадбирҳо саривақтиро амалӣ карда истодааст.

Масалан, маблағгузории хона – интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон дар як сол ба як бошанда 21 ҳазор сомонӣ ва хонаи кӯдакон ба як кӯдак 15 ҳазор сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд мебошад.

Гузашта аз ин Ҳукумати кишвар ба масъалаи шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода, дар ин самт якчанд барномаҳои давлатиро амалӣ намуда истодааст.

Соли 2017-ум 135 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ ташкил шудааст, ки ин мушкилоти нарасидани ҷойҳои кориро дар мамлакат ҳал карда наметавонад.

Аз ин рӯ, мо бояд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва тавассути ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим сохтмони корхонаҳои хурду миёна ва азхудкунии заминҳои навро, ки омили муҳайё кардани ҷойҳои кори нав мебошад, ҷидӣ ба роҳ монем.

Вобаста ба ин, Ҳукумат вазифадор аст, ки ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои хурду миёна тадбирҳои бетаъхир андешад ва дар давоми соли 2018-ум 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус, барои занону ҷавонон таъсис диҳад.

Аз ин рӯ Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиивилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор гардиданд, ки масъалаи шуғли аъзои ҳар як оилаи кишварро таҳлил карда, ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ таъмин созанд.

Татбиқи нишондиҳандаҳои Паём ва амалӣ гардонидани онҳо асоси руши ҷомеа маҳсуб ёфта, барои зиндагии арзандаи шахс заминаи мусоид фароҳам меоварад.