Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Тоҷикона мепўшем.

              









Ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамини Тоҷикистон ҳазорон рози сарбамуҳри таърихиро дорост. Аз аҳди қадим ҳамчун ҷозибаи маънавӣ орифону шоирон ва бузургворони зиёде дар хоки ин сарзамин нухӯфтаанд. Ин сарзамин макони муқаддас аст ва сарзамини муқаддас бояд поку беолоиш бошад на ҷойи ашхоси ғаразнок. Модаре, ки фарзанди дилбанди хешро гум карда буд, омӯзгоре, ки шогирди номбардори худро аз даст дода буд, миллате, ки аз арсаи парокандагӣ раҳо ёфта буд, бояд шукри истиқлолияти кишвари азизамон, шукри ватани ободу озоди ҳуқуқбунёди ягона, шукри Пешвои муаззами миллат ва фарҳангсолори тољикон Эмомалӣ Раҳмонро кунад, ки таърихи тамаддуни тоҷиконро нерӯи бузурге бахшид.                                                                   

Ҷомеае, ки Тоҷикистон номаш аст ва баҳри мо сулҳу субот ва тинљию оромиро ато намудааст, бояд, ки ба қадри ин неъматҳои Худодод расем. Мутаассифона имрӯзҳо бархе аз ашхосе дар ҷомеаи кунунӣ пайдо мешавад, ки ин Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, ин ободиву созандагӣ, сулҳу субот ва тинҷиву амонӣ, офтоби дурахшони Тоҷикистон ва ҳазорон дастовардҳои ба меҳнату заҳмати зиёд бадастомада, барояшон ҳеҷ аст. Аз пайи ҳавову ҳавас рафта, тақлид ба фарҳанги бегона намуда, ҳатто бархе гурӯҳҳои ифродгароиву террористиро низ ба осонӣ ҳамраҳӣ менамоянд.                                        

Дар ин раванд боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо занон ва духтароне сайругашт мекунанд, ки бо як либоси ба фарҳанги мо бегона, сатру ҳиҷобҳои резинӣ ки авзои хуррамшаҳри зебову дилорои Тоҷикистонро хира месозад ё ҷавондухтарони сиёҳпӯшеро, ки гуё навакак аз мусибатхона омада бошанд, вомехӯрем. Магар ин бас набуд, ки боз ду мард дар либоси занонаи сатрпӯш дар кӯчаҳои шаҳр пайдо шуданд, ки онҳо кирдорҳои ғаразонаи худро бо ин либос пинҳон карданӣ будаанд, аммо мақсади нопоки онҳо ҷомаи амал напӯшида ба дасти масъулини дахлдор афтоданд. Тарғибу ташвиқи либоси миллиро то имрӯз дар байни занон мебурдем, акнун дар байни мардҳо сар кунем?                                                               

Сатру ҳиҷоб аз мардуми тоҷик нест ва набуд. Ин ҳама тақлид аст, ки ба баъзе мардуми бекори ҷомеа таъсири манфии худро гузоштааст. Зани тоҷик аз қадим либоси зебову шинамро ба бар мекард ва докаи сафедро дар сар мекард, ки симои зоҳирии ӯро хело зебову пардапӯшона нишон медод. Ё ҷавонписароне, ки гардани зебои худро бо ранг нақшу нигор намудаанд, ё ҳангоми кам кардани мӯи сар ҳар гуна ҳарфҳоро дар сари худ ба тариқи аён нақшбандӣ мекунанд, ё дар тан шимҳои тангу тореро доранд, ки гӯё ин гуна ашхос мудпараст бошанд. Агар як назар ба анъанаҳои гузаштаи тоҷикон афканем мебинем, ки ягона коре, ки мардуми тољик аз қадим ранги сурхро, дар дастони худ ки ҳамчун рамзи рӯсурхии ӯро ифода мекард, истифода мебурд, ин ҳам бошад «Ҳинобандон» буд. Маҳз тавассути ана ҳамон гулбуттаи «ҳино», ки онро занон мекоштанду дар фасли тобистон чинда бо ҳар гуна шифобахшиҳои дигар аз қабили; ангури турш, сабзпучоқи чормағз, замч, зардоби ҷурғот ва дигар чизҳое, ки зарур буданд, ҳамроҳ карда, майда мекӯфтанд ва то шаб дар барг онро мепечониданд. Шаб ҳама аҳли оила, занону мардон, духтарчаҳо ва писарчаҳо ҳинобандон мекарданд. Бархе дастонашро мебаст, дигаре панҷаҳои пойҳояшро ва зонуи дард мекардагиашро, сеюмин бошад ҳиноро дар сараш мебаст, то дарди сараш монад, ки ин бештар хоси занону духтарони тоҷик буд. Ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик ҳиноро дар гардан намебастанд, ё гирду атрофии сарашонро ҳуруфтарошӣ намекарданд ва дар шароити қадимаи камчиз будани либоси пӯшиданӣ либосҳои даридашударо намепӯшиданд.

Пас бошад, ки тоҷикона пушем ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои аз байнрафтаро эҳё намоем ва фарҳанги ғании либоспӯшии тоҷиконро ҳифз, риоя ва муаррифӣ менамоем.

Абдуллоева Сафармоҳ

корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи

назди Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон