Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа

 

Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди милли, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавҷ ва сулҳу ваҳдат, мутобиқи моддаи 64, 69 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон, татбиқи воқеии волидайн дар тарбияи кӯдакон, бартарафсозии хурофот ва урфу одатҳои иртиҷоҷ, ташаккули оилаи солим тадбирҳои амали андешида, то 1 майи соли 2000-ум барномаи давлатии "Мақоми зан дар ҷомеа"-ро таҳия намояд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатҷ занонро бо дарназардошти салоҳиятнокҷ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатҷ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатҷ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олҷ ва дигар муассисаҳои маориф таъин намоянд. Бо дарназардошти ин, то 1 марти соли 2000-ум аз ҳисоби занони ботаҷрибаву лаёқатманд ва соҳибихтисосу салоҳиятнок дар вазифаи яке аз муовинони роҳбари:

а) вазоратҳо (ба истиснои сохторҳои қудратҷ), кумитаҳои давлатҷ, кумитаҳо ва саридораю агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, идора ва муассисаҳо, ассотсиатсия ва ширкатҳо, консерну корпоратсияҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ;

б) вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо;

г) таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ таъин карда шаванд.

3. Прокуратура, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ муборизаро бар зидди ҳодисаҳои таҳқир ва зӯровари нисбати зан, бисёрзанӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон пурзӯр намоянд.

4. Вазоратҳои маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ба масъалаи минбаъд зиёд намудани шумораи занҳои ихтисосманд, аз қабили иқтисодчӣ, муҳандис, духтур, агроном, муаллим дар деҳоти Ҷумҳури чун ба як рукни сиёсати давлатдорӣ ва фишанги тавонои пешбурди ҷамъият муносибат намоянд. Ба ин хотир ҳангоми қабул ва таҳсил дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус бо назардошти талаботи замон ва тавсияи ҳукуматҳои маҳаллӣ барои тайёр намудани кадрҳо аз миёни духтарони ноҳияҳои кӯҳистон бояд шароити имтиёзнок муҳайё карда шавад.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи интихоб ва ба вазифаҳои масъул таъин кардани занон, тарбияи наслҳои ҷавони кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону духтарон, махсусан дар маҳалҳо зери назорати доимӣ қарор диҳад.

6. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо назорати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро тақвият бахшида, ҷиҳати таъмини занон ба мансабҳои дар банди 2 ҳамин Фармони зикргардида, бо дарназардошти салоҳиятнокӣ, сифатҳои касбӣ ва кордонии онҳо, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 3 декабри соли 1999 № 5 ш. Душанбе