Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Муборак ҷашни истиқлоли тоҷик

               Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 26-умин солгарди Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6.09.2017 дар мавзӯи “Рушди имкониятҳои бонувон-самараи Истиқлолият”  мизи мудаввар бо иштироки намояндагони шӯрои занони сулҳовар, фаъолзанон, донишҷӯдухтарони донишгоҳу донишкадаҳо ва ахбори омма баргузор намуд.

  Иштирокдорон бо ифтихор аз Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он сухан намуда, зикр гардид, ки халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст.  

   26 соли истиклолият чун 26 зинаи камолоти миллату давлат дар дили хар як фарзанди бонангу номуси Точикистон оташи мехр, хамдиливу хамфикриро фурӯзон нигох дошта, итминон бар он мекунем, ки донахои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумуъ меоварад.

   Бигузор, мукаддасоти давлатдории милли, забони модарӣ, вахдату ягонагӣ, истиклолияти миллӣ, ҳамсафари доимии мову шумо ба сӯи чомеаи мутамаддин ва фардои ободу осуда бошанд!       Бигузор, ормонхои волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва кору пайкори ҳамешагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи мардуми мо гарданд.

  Чорабинии мазкур бо шеъру суруди васфи ватану ватандорӣ хотири иштирокдоронро болида гардонд.