Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

      Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ - бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу карданд.

Сарвари давлат зикр доштанд, ки истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи бисту шаш сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем.

Дар охири суханронии хеш бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва бо умеди гиромидошти муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷикро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки чунин тадбирҳои бошукуҳи идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар ва берун аз он ба таври хос таҷлил карда шуд.