Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Конфронси байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои пешгирии бемории сил дар Осиёи Марказӣ

 

     Санаи 7-8 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, 2-юмин конфронси байналмиллалӣ оид ба маъалаҳои пешгирии бемории сил баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур 250 нафар намояндагон аз давлатҳои  Хитой, Олмон, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Нидерландия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ИМА ширкат варзиданд.

Ҳамзамон намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, коалицияи "Боздошти бемории сил аз ҳисоби собиқ беморони сил",  мутахассисони соҳа  аз Вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияи Рудакӣ ва ташкилотхои байналмиллалии KNCV, Usaid ва шуъбаи ташкилоти байналмиллалии башардӯстонаи «Лоиҳаи ХОУП- Хазинаи нигаҳдории тандурустии инсон ба инсон» иштирок намуданд.

 Қобили қайд аст, ки намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси мазкур ширкат намуда дар мавзӯи «Мубориза ба зидди бемории сил» инчунин қонунҳо стратегияҳо ва барномаҳои  давлатӣ, ки дар самти дастгирии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст, муаррифӣ намуд.

Вобаста ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии бемории сил миёни аҳолӣ корҳои назаррас дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд шуъбаи ташкилоти байналмиллалии башардӯстонаи «Лоиҳаи ХОУП- Хазинаи нигаҳдории тандурустии инсон ба инсон» гузаронида шуда истодааст.

 Дар анҷоми конфронс, намояндагон аз таҷрибаи давлатҳои худ суханронӣ намуда, миёни баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.