Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Кадбону

 

      Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз рӯи нақша чорбинии тасдиқгардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои миллӣ, тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ ва  нонпазӣ, маҳорати дастархонороӣ, меҳмоннавозӣ, одоби муошират, ба ҷо овардани ҳурмати калонсолон ва аз худ намудани нозукиҳои муносибати хонаводагӣ дар шаҳри Панҷакент барномаи телевизионии «Кадбону» ташкил карда шуд, ки аз ҷониби занони рӯзгордида, собиқадорон ва кадбонувони ҳунарманд омӯзиши  ҳунарҳои миллӣ  ба роҳ монда шудааст.