Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Эдвокасӣ - Боварӣ ба фардо

 

         Даҳаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», инчунин оқибатҳои манфии никоҳи хешу таборӣ, никоҳи бармаҳал, хуб таҳсил намудан ва соҳибкасб шудани ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Маркази бӯҳронии «Боварӣ ба фардо» миёни хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 39-и маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии машваратӣ-иттилоотӣ баргузор гардид.

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва дигар барномаҳои соҳавӣ боиси беҳтар шудани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардиданд.

Дар вохӯрӣ бо хонандагон намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,  Маркази бӯҳронии «Боварӣ ба фардо» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дастгирӣ ёфтани ҷавонон, бунёди оилаи солим ва танзими муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлубе, ки ба пошхӯрии оила оварда мерасонанд, иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангии мамлакат суханронӣ намуданд.

Машварати иттилоотӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ бо пешниҳоди таклифу дархостҳо анҷом пазируфт.