Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ҳифзи фарҳанги миллӣ бо тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ

 

          Бо мақсади мавриди иҷроиш қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти  арҷгузорӣ ва нигоҳдошти фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ санаи 20.09.2017 бо раисони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе мулоқот-вохӯрӣ доир гардид.
        Вохӯриро муовини раиси кумита бо даъвати иштирокчиёни вохӯрӣ ба ҳамкорӣ ва тарғиби либосу фарҳанги миллӣ оғоз намуд. Зикр шуд, ки агар ҷомеа нисбати зуҳуроти бегонапарастӣ сарҷамъона корбарӣ намояд, ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа ба осонӣ ба даст меояд.