Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ Конфронси илмӣ-амалӣ

 

    Имрӯз  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри  Душанбе  ҷиҳати  тарғиб ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» Конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ, масъулони тарабхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҳамоиш зикр кард, ки  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аввалин қонуни миллӣ дар таърихи қонунэҷодкунии замони соҳибистиқлолӣ  буда,  ба ҳуҷҷати тақдирсози ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҷомеа табдил ёфтааст.

«Дар зарфи 10 соли амали қонуни мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе 91 803 маъракаҳои гуногун гузаронида шудаанд, ки 6221-тои онҳоро тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ  ва хатнасури кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар тӯли нуҳ моҳи соли 2017 дар пойтахт 6956 маърака, аз ҷумла, 769 тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ ва хатнасури кӯдакон доир гардиданд. Имрӯз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд, ки тӯй ва маърака воситаи гирифтани обрӯву эътибори оилаву авлод набуда, балки оғози як марҳалаи муҳими зиндагист, ки дар дунболи он зиндагии тӯлонии ду нафар меистад. Хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст»,-иброз дошт М.Муинӣ.

Мавсума Муинӣ ҳамчунин зикр кард, ки амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳаввулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст. Мардум ба хубӣ дарк намудааст, ки минбаъд обрӯву эътибори шоистаро дар ҷомеа аз баргузории тӯю маъракаҳои пурдабдаба ва дастурхони пурнозу неъмат нахоҳад ҷуст. Минбаъд одамон андеша менамоянд, ки сарфу хароҷоти беҳуда барои обрӯву номи дурӯғин арзиш нахоҳанд дошт ва мақому манзалати инсонро ҳунар, истеъдод, маърифат ва аъмоли нек муайян мекунанд. Манбаъ аз /АМИТ «Ховар»/