Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Духтарони нобиға

 

      Ёсуман ва Манижа дар озмун истеъдоди фавқуллодаи худро нишон дода,  ғалаба ба даст оварданд. Бар иловаи ҷоизаҳои моддие, ки ғолибони озмун мегиранд, Манижа барои ширкат дар марҳилаи баъдии озмуни “Арифметикаи зеҳнӣ роҳхат гирифт, ки қарор аст, моҳи декабри имсол дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шавад.

Ёсуман ва Манижа охири моҳи октябр дар ду барномаи “Одамони ғайриоддӣ-и шабакаи телевизионии Россия-1 ширкат карданд ва бо истеъдоди худ мухлисони барномаро мафтун намуданд.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамбардорони миллат Ёсуман ва Манижаро ба ҳузур пазируфта, бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадодонӣ намуданд.

Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқуллода доварони барномаро шигифтазада кард:  дар муддати ду дақиқа камтар аз 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

       Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бо бародараш Абубакр Исмонзода дар чандин олимпиада ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст. Ҳарду дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ ҳам таҳсил мекунанд.

       Ёсуману Манижа наврасону ҷавононро ба аз худ намудани фанҳои дақиқи замони муосир даъват намуда, барои баланд бардоштани парчами миллӣ ва шинохти миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ ҳидоят менамоянд.