Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ба зӯроварии хонаводагӣ хотима бояд дод

 

Дар муассисаи таълимии рақами 10-и  Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон ҳунармандони Театри  вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии  ба номи  Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ду саҳнача   намоиш доданд.

Ин саҳначаҳо дар доираи «16  рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба  занон», ки аз ҷониби СММ дар саросари олам бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон (25 ноябр) роҳандозӣ мешавад,   таҳия ва пешниҳод  гардиданд. Саҳначаҳои театрӣ  бо мақсади  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  ҷавонон ва бартарафкунии  зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар ҷомеа  намоиш дода шуданд. Тибқи иттилои масъулин, бо назардошти сатҳи пасти  саводнокӣ  дар баъзе минтақаҳои деҳот спектаклҳои театрӣ воситаи  хуби  робита ва баланд бардоштани  огоҳии ҷавонону занон аз ҳуқуқҳояшон дар муқоиса бо паҳнкунии маводи навишташуда мебошанд.

Дар  ҷамъомад корманди бахши кор бо занон ва  оилаи ноҳияи Хуросон Гулчеҳрахон Ёрматова гуфт, ки «имсол  барои бартараф кардани зӯроварӣ дар оилаҳо 82 нафар ба бахши кор бо занони ноҳия муроҷиат кардаанд, ки ду нафарашон мард мебошанд. Сабабҳои асосии  ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва зӯргӯию зӯроварӣ дар ин оилаҳо  истифодаи нодурусти  телефонҳои мобилӣ  аз ҷониби духтарону келинҳои ҷавон ва тамошои зиёди филмҳои туркӣ аз ҷониби онҳо мебошад».
Инчунин зикр гардид, ки дар маркази касбомӯзии ноҳия соли равон зиёда аз 636 нафар занон хонда, соҳиби шаҳодатномаи касбомӯзӣ гардиданд. 70 фоизи онҳоро занони ҷавони аз шавҳар ҷудошуда ташкил медиҳанд.

Дар хотима  ба иштироккунандагони ҷамъомад   китобчаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тақдим карда шуд.