Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

 

  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои 30.11.2017 ва 01.12.2017 сехҳои дӯзандагиро барои  занони хонанишин ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Хуросони вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дод.

          Раиси кумита аз  таваҷҷӯҳу дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар самти беҳбуд бахшидан ба сатҳи иқтисодиву иҷтимоии занону бонувон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани сехҳои дӯзандагӣ дар ноҳияҳои мазкур шаҳодати ғамхорию таваҷҷӯҳи беандозаи  Роҳбарияти кишвар нисбат ба занон  аст.

           Қосимзода Идигул Тағо, ки ҳамзамон, Раиси Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Хитойро ба уҳда дорад, зимни суханронӣ  назаррас будани иштирок ва нақши муассири занону бонувон дар пешбурди фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат арз дошта, қайд намуданд, ки ҳадафи ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамкориҳои тарафайн, мусоидат ба шуғли занону духтарон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ занону бонувон мебошад.

          Бояд тазаккур дод, ки сехҳои дӯзандагӣ бо дастгирии молиявии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳҳои замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои пешбурди фаъолияти босамари чеварон мусоидат менамоянд.

         Зимни боздид аз маҳсули дастии занону бонувон Раиси кумита ҷиҳати ба роҳ мондани шерозидӯзӣ, эҳёи бештари ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ба касбу ҳунаромӯзи ҷалб намудани занону духтарон ва мусоидат ба шуғли доимии онҳо аз роҳбарияти ҳар ду ноҳия изҳори хоҳиш намуда, дар баробари касби дӯзандагӣ ба роҳ мондани қолинбофӣ, сабадбофӣ,  бофандагӣ, ташкили дӯхтану омода намудани ҷиҳози арӯсӣ ба масъулони ноҳияҳои супоришҳо ва пешниҳодҳои мушаххас дод.