Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Баргузории мизи мудаввар дар ноҳияи Тоҷикобод

 

 Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мизи мудавварро дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи занон дар ҳаёти идоракунии давлатӣ» баргузор намуд.

       Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, сардорони мақомотҳои қудратӣ, намояндагони шарикони рушд дар ноҳияи Рашт, занони роҳбар ва собиқадорон, ки дар рушду нӯмуи ноҳия саҳм гузоштаанд, иштирок намуданд. 

       Мудири бахши кор бо занон ва оила дар мавзӯи «Таъмини стратегия ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа», директори мактаби таҳсилоти иловагӣ дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи занон дар таҳкими сулҳу субот», мудири бахши ҳифзи иҷтимои ва аҳолӣ дар мавзӯи «Мавқеи занон дар меҳвари сиёсати соҳибистиқлолии Тоҷикистон», нозири дараҷаи дуюм оид ба қарзи бонки ноҳиявӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар  инкишофи соҳаи бонкдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, иштирокдорон аз таҷрибаи бою рангин, маслиҳатҳои муфид ва саривақтии занони роҳбар ва собиқадорон дар масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон, нақши занон дар таҳкими сулҳу субот бархурдор гардиданд.