Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Семинари сайёри омӯзишӣ таҳти унвони “Зан-роҳбар”.

 

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 майи соли 2017, № 106 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020» рӯзи 30 ноябр дар ноҳияи Вахш, рӯзи 1 декабр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ва рӯзи 2 декабр дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ семинари сайёри омӯзишии «Зан-роҳбар»-ро дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта ва дар захираҳои кадрибудаи ноҳияҳо бо ҷалби 120 нафар доир намуданд.

Дар кори семинар муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон-Хидирзода Махфират Умар, сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон-Солиев Абдулхайр ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон-Солиҳов Маҳмасабур иштирок ва баромад намуданд.

      Мақсад аз гузаронидани семинарҳои сайёр ин таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда,  мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ, рушди ҳамкории сохторҳои давлатии соҳавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани нерӯи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ мебошад.