Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Соли Нав оғози нусратҳои нав

Боз омад ба дари мо соли нав,

Боз омад бахти нав, икболи нав.

Боз омад соли неку фоли нав,

Боз омад шури нав бо боли нав.

     


      Бале, боз омад ба дари мо Соли Нав, Соли Наве, ки  аз қадимтарин идҳо буда,  инсоният онро бо тамоми ҳастияш, бо рӯҳу  илҳоми идона ҷашн мегирад.

         Омадани Соли Нав як фоли нек аст, чунки баъди падруд гуфтани соли куҳан ҳар як инсон  кирдору рафтору гуфтори худро бар тарозу мекашад ва андешаи онро мекунад, ки ба чӣ муваффақияту бурдбориҳо ноил гардида, Соли нави мелодиро бо кадом дастовезҳо истиқбол менамояд.

         Барои мо, занону модарони тоҷик, ки хушбахттарину хушиқболтарини инсоният ҳастем, солҳои куҳани даврони 25 соли истиқлолият хуш солҳое буданд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, занону бонувони тоҷик дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолият ва саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

         Имрӯз соҳаеро наметавон дарёфт, ки нақш ё саҳми занону бонувон дар он назаррас набошад.

         Маҳз таваҷӯҳу ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари оқилу хирадманд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки зан-модари тоҷик аз минбари созмонҳои байналмиллӣ садо баланд карда, аз боби дастоварду муваффақиятҳои бонувони тоҷик ба ҷаҳониён бо ифтихору сарбаландӣ ҳарф мезанад ва ҳамагонро бо ин иқдомоти фарзонаи Пешвои миллат муттаҳайир месозад.

         Боиси иқболу сарфарозии мо, занону бонувон аст, ки имрӯз давлатҳои мутараққии дунё аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари дурандеши миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувон дарси маърифату адолат омӯхта истодаанд.

         Пас, моро месазад, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат паҳлӯ ба паҳлӯ, тан ба тан, даст ба даст гирифта, дар пойдору устувор мондани сулҳу ваҳдати комили ватан, истиқлолияти беназир, оромиву осудагии меҳани азиз камари ҳиммат бандем. Дар солиму обод нигоҳ доштани оила, ки сарчашмаи муҳими пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад, саҳм гузошта, вазифаи ҷонии модаронаи худро дар таълиму тарбияи насли солиму ояндасоз бо камоли меҳру муҳаббат, садоқату самимият ба ҷо орем, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, инсондӯстию ҳуввияти баланди миллӣ тарбияи насли ҷавонро ба роҳ монда, ба ояндагон ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва поку беолоиш аз ҳар гуна паёмадҳои нангин ба мерос гузорем.

         Бо ҳамин ниятҳои неку созанда Соли Нави мелодиро ба тамоми ҳамватанони дохилию бурунмарзӣ сидқан шодбош гуфта, орзӯи онро менамоем, ки фазои Тоҷикистони ба ҷон баробари мо ҳама вақт беғубору офтобӣ ва ҳалқу миллати куҳанбунёдаш дар амну амонӣ бошад.   

 

Хам зи бори ғам нагардад, сарви болои Шумо!
Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо,
Дар паноҳи сулҳ бошад  бахти волои Шумо!
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод!