Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон»

 

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017 ва банди 26 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли ҷавонон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон»-ро рӯзи 28 декабри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор намуд.

         Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, ҳидояти онҳо дар роҳи бунёди оилаи солиму баркамол, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, таҳкими заминаи мусоид баҳри пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал ва хешу таборӣ, зӯроварӣ дар оила ва дар умум тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, сарфаву сариштакорӣ ва муаррифии намунаҳои беҳтарини оилаҳои ҷавон мебошад.

         Мавриди зикр аст, ки озмуни «Беҳтарин оилаи ҷавон» дар се давр баргузор гардида, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 11 оилаҳои беҳтарин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Рашт, Тоҷикобод ширкат доштанд.

         Озмун аз рӯи 6 шарт: муаррифии оила, бахши рӯзгордорӣ, бахши маънавӣ ва андарзӣ, бахши фарҳангӣ-фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бахши ҳаҷвӣ доир гардида, оилаҳои ҷавон ҳар яке аз дигаре беҳтару хуштар ва бо завқи баланд ҳунарнамоӣ карданд.

         Ҳайати ҳакамон маҳорату малака ва истеъдоди ҳар як оилаи ҷавонро баҳогузорӣ намуда, ҷойи аввалро ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ВМКБ, ҷойи дуввумро ба беҳтарин оилаи ҷавон аз вилояти Хатлон, ҷойи саввумро ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ноҳияи Варзоб муносиб донистанд.

         Ғолибони озмун ва дигар иштирокчиён бо Дипломҳо ва тӯхфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.