Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Нон бувад чун ҷони одам

 

Вобаста ба эълон гардидани соли 2018 соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагон, кадбонуҳои ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт озмуни «Нонпази беҳтарин» баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ба  ҳунари нонпазӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, табақтарошию ҳунари косибии иштирокчиёни озмун   баҳои баланд дода, ҷои аввал насиби кадбонуҳои ноҳияи Рашт, ҷои дуюм ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва ҷои сеюм ба нонпазони ноҳияи Сангвор муносиб донистанд.