Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бартарафсозии қолабҳои гендерӣ

 

     

    Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2017, №32/10-225 ва ҷиҳати иҷрои протоколи №2 аз 8 ноябри соли 2017, баррасии нақшаи кории гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Зергурӯҳи 1 аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳо оид ба «Масъалаҳои  такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бартарафсозии қолабҳои гендерӣ» санаи 23.01.2018 ҷаласаи корӣ доир намуд.

 Олимӣ Марҳабо муовини якуми Раиси кумита кори ҷаласаро аз ҳадафҳои фаъолияти зергурӯҳи 1:  «Масъалаҳо оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бартарафсозии қолабҳои гендерӣ» оғоз намуда,  нақшаи корӣ аз ҷониби гуруҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.