Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)

 

Бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 январи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҷумҳуриявии имуннопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи кумита низ дар ҳайати Шӯро ширкат варзид.  

Дар оғози ҷаласа ҳисоботи сафари ҳайати намояндагии Тоҷикистон ба ҳамоиши глобалии Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN),  ки дар ш. Абидҷани кишвари Кот де Ивуари (Африқо) доир гардид,  аз ҷониби муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Таҷрибаи андӯхтаи намояндагони Тоҷикистон дар Ҳаракати  глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ҷиҳати беҳгардонии ғизои солими модару кӯдак, баровардани кӯдакон аз гумбасти норасоии ғизо ва бо ин васила ба сатҳи паст фаровардани қадпастӣ миёни кӯдакон, норасоии витаминҳо дар организми инсон барои иштирокдорони ҷаласа аз манфиат холӣ намуда,  ҷорӣ намудану мавриди корбарӣ қарор додани чунин коргузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пешниҳоди иштирокдорон қарор дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба аъзоёни Шӯро даъват ба амал оварда шуд, ки дар назди вазорату идораҳои худ гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ташкил  намуда, ҷиҳати ҷорӣ намудани таҷрибаи ҳамкорони кишвари Кот де Ивуари чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи мазкур инчунин,  ҳисоботи шарикони рушд: Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БУО), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД),  Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон, Ташкилоти Интра Хэлз, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО), Барномаи Алянси глобалӣ барои ғизои беҳтар (ГЕЙН),  оиди иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳо дар соҳаи ғизо барои соли 2017 шунида шуд. 

Дар фарҷоми ҷаласа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳгардонии ғизои солим барои модару кӯдак, бехатарии ғизои аҳолӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард ки дар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиу ташвиқотӣ саҳми назарраси худро гузоранд.