Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ҳамдиёрони азиз, Бонувони иззатманд!

 

 

      Шуморо ва дар шахсияти Шумо кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиклолро бо иди Сада, ки яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод дар рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ ба шумор меравад, табрику муборакбод менамоем.

         Мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ, пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистону муждае аз наздик расидани баҳор иди Сада фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр ҷашн гирифта мешуд. Деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро бо шодиву хушҳолӣ ва барафрӯхтани гулханҳои бузург ёдоварӣ менамуданд. Аз ин ҷост, ки Сада пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

         Дар «Шоҳнома»- и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Сада ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат дода шудааст, ки гӯё Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро, ки дар натиҷаи бархӯрди ду санг пайдо шудааст, омӯзонда, ба таҷлили ҷашни Сада бунёд гузоштааст. Рӯзе Ҳушанг ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафта, мори сиёҳи дарозро дучор меояд, ки ба одамон ҳамла мекард. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво медиҳад. Он санги калон ба санги дигаре бархӯрда, заррачаҳои тиллоии сурхмонанд, яъне оташак аз онҳо афканда мешавад. Ҳушанг аз дидани ин заррачаҳо дар ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросимро ҷашни Сада номгузорӣ карданд ва дар арафаи фаро расиданаш мардуми ориёинажод гулханҳо меафрӯхтанд.

Аз Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

                                      Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

 

         Дар масири таърих ҷашни Сада ҷойгаҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҷашн гирифта шуд.  Дар  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар сол бо тантанаву шукӯҳи баланд истиқбол мегардад.

         Иди Сада-нахустин муждаи Баҳор мубораку фархунда бод!

 

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди

                                                                Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон