Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Муаррифӣ ва баррасии ҳадафҳои стратегии кишвар

 

31 январи соли 2018 дар меҳмонхонаи «Шератон» бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сатҳи зарурӣ ҷиҳати омода намудани Ҳисоботи миллӣ аз рӯи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар (Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон 2016-2020) дар алоқамандӣ бо Ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид.

Дар чорабинӣ вазорату идораҳои дахлдор, кумитаҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд. Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба таҳияи Ҳисоботи миллӣ ва  Гурӯҳи кории техникии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кӯмак барои рушд (ЮНДАФ) ҷаласаи муштарак баргузор намуданд.

Вобаста ба ин, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони миллӣ доир ба лоиҳаи БРСММ дар мавзӯҳои самтҳои умумии Ҳисоботи миллӣ оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, алоқамандии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо Ҳадафҳои рушди устувор, методология ва сохтори Ҳисоботи миллӣ, методологияи тавсеашуда доир ба Ҳисоботи миллӣ мавзӯъашонро баён намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки баррасии Ҳисоботи миллӣ аз рӯи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар (СМР-2030 ва БМР 2016-2020) барои пешниҳод давом дорад.