Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим

07 марти соли 2018 тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, баҳри ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар Кумитаи миллӣ олимпии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ шахсони масъули вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Иштирокчиён пеш аз оғози ҷаласаи корӣ аз Осорхонаи миллии олимпӣ ва аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дидан намуданд.

Баъдан муовини аввали Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, баҳри ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуда, қайд карданд, ки рӯзҳои шанбе "Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ" эълон гардидааст. Минбаъд ҳар рӯзҳои шанбе тамоми кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз синну сол бо либоси ягонаи варзишӣ баҳри ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шавад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз баҳри ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки "Варзиш гарави саломатист" - ро таҳти шиори худ қарор дода, пайваста ба варзиш ва обу тоби бадан машғул шуда, баҳри солимгардонии ҷомеа бетараф набошем.