Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Таҷлили Рӯзи Модар

 

Вобаста ба Рӯзи модар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарикӣ бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ PDV дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии “Боварӣ ба фардо”, ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшинос” 7 марти соли равон чорабинӣ дар Душанбе мол, Фурӯшгоҳи “Ашан” баргузор намуд.

         Кумита бо шарикони рушд ҳамагонро бо Рӯзи модар табрик намуда, озмун ҷиҳати донистани сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо” аз 01.03.2005, №89, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила» аз 19.03.2013, №954, ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 03.05.2014, №294 дар бораи “Барномаи давлатї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014-2023”, ҳуқуқҳои занону мардон, сини никоҳӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабҳои зӯроварӣ дар оила, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд,пешгирии бемориҳои сироятї дар байни аҳолї ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор намуда, барои ҷавобҳои беҳтарин туҳфаҳо манзур намуданд.

      Қобили қайд аст, ки иштирокчиён мизоҷони Душанбе-мол ба ҳисоб рафта, дар чорабинӣ, инчунин нафароне, ки ба тавсияи ҳуқуқиву равонӣ ниёз доштанд аз маслиҳатҳо бархурдор гардиданд.

         Аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ, маводҳои тақсимотӣ пешниҳод гардида, ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби гирандагони Гранти Президентӣ ташкил карда шуда буд, манзур гардид.