Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Дасти дуои модар

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Филиали ташкилоти ҷамъияти нобиноён дар шаҳри Ҳисор чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони "Дасти дуои модар" баргузор гардид. Дар Филиали мазкур 197 нафар ба таълиму тадрис машғуланд, ки 122 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Масъулини Кумита тамоми иштирокчиёни ин чорабиниро аз номи роҳбарияти Кумита бахшида ба Рӯзи Модар табрику таҳнияти намуда, аз бузургии модар аз навозишҳои гарму шабзиндадориҳо сари гаҳвора ва ҷоннисориҳо барои фарзанд ёдоварӣ намуда, ҳамзамон ба ҳар як маъюббонувони узви босира тӯҳфаҳои идонаро тақдим намуданд.

Барои иштирокчиёни ин маҳфили идона хӯроки гарм, ҳар намуди шириниҳо ва барномаи хуби фарҳангӣ бо ҷолиби ҳунармандони шинохтаи шаҳри Ҳисор ташкил карда шуд. Қобили зикр аст, ки дар баргузории ин чорабинӣ саҳми соҳибкорзан Сурайё Уроқова низ назаррас буд.