Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Бизнес Форуми занони соҳибкор

 

6-7 апрели соли 2018 вобаста ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, толори Меҳмонхонаи “Шератон” Форуми занони соҳибкор бо иштироки намояндагони Осиёи Марказӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ассотсиасияҳои соҳибкорон бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар чорабинӣ таҷриба, мушкилот ва дурнамои инкишоф бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ гардид.

Бизнес-форуми минтақавӣ вобаста ба соҳибкории занон бо иштироки 200 нафар занони соњибкор, инчунин намояндагони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон доир шуд.

Қобили зикр аст, ки ин семинарҳо барои занони соњибкор, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мубодилаи фаъолияти соҳибкорон аз кишварҳои иштироккунанда баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, занҳои фаъоли соҳибкор, занони роҳбари муассисаҳои хусусӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ҳамаи соҳаҳои соҳибкорӣ иштирок доштанд.