Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Конференсия дар мавзуи доғи рӯз

 

Бо ибтикори бахши кор бо занони шаҳри Ваҳдат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, ба номи Аҳмади Дониш дар мавзуи «Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа» конференсияи илмӣ-бадеӣ баргузор гардид.

Дар конференсия хонандагон дар мавзуҳои «Ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои тундрав», «Ифрот ва ифротгароӣ», «Пеши ҷавонони гумроҳро бигирем» маърузаҳо хонда, саҳнача намоиш дода, шеъру сурудҳои ватанпарастӣ хонданд.

Дар конференсия муовини сардори раёсати маориф Азиза Эшонова, муовини сардори ШВКД дар шањри Вањдат Холбой Зоирзода, сармуњаррири рўзномаи «Шањриёр» Нуриддини Амриддин, мудирони бахшњои љавонон ва занон Маъруф Азиззода ва Заррина Одинаева ва директорони муассисањои таълимии диёр иштирок доштанд.