Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Оила – макони меҳр

 

      Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилаии оила таҳти унвони “Оила – макони меҳр” бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олӣ, намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Агентии омор, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, забон ва истилоҳот, рушди сайёҳӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ мизи мудаввар баргузор намуд.

         Дар қисмати ифтитоҳии чорабинии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олӣ, намояндаи Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар баробар ин, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ҷиҳати иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи рушди оила” вобаста ба мавзӯъҳои баланд бардоштани мавқеи оила, эҳтироми зан-модар, тарбияи дурусти фарзандон баромадҳо намуданд. Байни иштирокчиён мубодилаи афкор оид ба масоили мазкур сурат гирифт ва тавсияҳо вобаста ба мавзӯи мазкур пешниҳод гардид.