Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Беҳтарин оилаи ҳунарманд

       

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола рӯзи 15 май баргузор мегардад озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатиро таҳти унвони "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" дар доираи эълон гардидани Соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо иштироки оилаҳои ҳунарманди кишвар санаи 14 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам" баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 нафар "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

         Сазовори ҷои якум:

оилаи Шоиновҳо аз вилояти Хатлон

оилаи Шариповҳо аз вилояти Суғд

оилаи Аҳлилоевҳо аз шаҳри Душанбе

          Сазовори ҷои дуюм:

оилаи Маҳмадуллоевҳо аз н. Сангвор

оилаи Воҳидовҳо аз н. Шаҳринав 

оилаи Камоловҳо аз н. И.Сомонӣ

          Сазовори ҷои сеюм:

оилаи Худоиевҳо аз н. Рашт

оилаи Холиқовҳо аз ш. Ваҳдат

оилаи Мировҳо аз ш. Панҷакент