Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Муаррифии фаъолият барои солҳои 2013-2017

 

 

Моҳи майи соли равон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ мизи мудаввар дар мавзӯи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур вакилон, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ ва кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин коршиносони миллӣ иштирок намуданд.

Вазорату идораҳои дахлдор фаъолияти 5 солаи худро оид ба  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” муаррифӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо Латифзода муаррифии фаъолияти кумитаро вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” пешниҳод намуд.

Вобаста ба мавзӯи чорабинӣ дар байни вакилон, намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносон мубодилаи афкори судманд ба миён омад.