Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Оғози курси омӯзишии "Зан-роҳбар"

 

Рӯзи 4 июни соли 2018 тибқи банди 4.2-и Нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунана аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – роҳбар” барои намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Курси мазкурро муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханони ифтитоҳӣ  намуда, ба шунавандагони курс муовини якуми раиси кумита Олимӣ М.Л. дар мавзӯи “Сиёсати гендерӣ” маърӯза намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар курси мазкур 37 нафар занону духтарони лаёқатманди вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар анҷоми курс, ки рӯзи 9 июни соли равон сурат мегирад, иштирокчиёни фаъол бо Гувоҳнома сарфароз мегарданд.