Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Ёде аз Тоҷинисо Азизова

 

Дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 90-умин солгарди ходими намоёни давлатӣ Тоҷинисо Азизова дар мавзӯи «Саҳми Тоҷинисо Азизова дар таҳкими сулҳ ва баланд бардоштани ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо, ходимони давлатӣ, макотиби олии кишвар, собиқадорони меҳнат доир гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кори конфронсро ифтитоҳ бахшида, дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони истиқлолият» маърӯза намуд.

Тоҷинисо Азизова (1928-1999) ходими намоёни давлатӣ буда, солҳои 1939-1943 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил намуда, баъди хатми омӯзишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби ибтидоии назди «Колхози нав»-и ноҳияи Ғарм ба сифати омӯзгор оғоз намудааст. Саҳми беандозаи худро дар таъсиси мактабҳои ибтидоӣ, тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон гузоштааст.

Тоҷинисо Азизова яке аз аввалин ҳуқуқшиносзани тоҷик буда, тавассути мақолаҳои пурмазмуни худ барои баланд бардоштани ҳуқуқи занони тоҷик дар солҳои 50-80-уми асри 20 ақидаҳои хешро баён намудааст.

Иштирокдорон ҳар яке ба сухан баромада, аз боби хизматҳои барҷастаи Тоҷинисо Азизова дар баланд бардоштани ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон бо ифтихор ҳарф мезаданд.

Гуфторҳои таърихӣ дар васфи арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши наворҳо ва расмҳои таърихӣ аз ҳаёту фаъолияти Тоҷинисо Азизова қисмати дуввуми конфронси мазкурро ташкил дод.

Хизматҳои Тоҷинисо Азизова бо мукофотҳои олии давлатӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоат дар солҳои ҶБВ-и солҳои 1941-1945», бо ифтихорномаву раҳматномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.