Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оила барои эътироз ба амалҳои номатлуби гурӯҳи мухолифин.

 

 

Мо кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон он рафтору кирдори гурӯҳи мухолифини эҷоднамудаи Кабириро, ки дар шаҳри Варшава нисбати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раво донистанд, сахт маҳкум намуда, гуфтанием, ки наворе, ки рӯзи 11 сентябр тариқи шабакаи интернетӣ пахш шуд, ба ҷуз рафтори ғаразбинона характери дигаре надорад.
Кирдори ҳозираи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни намояндагони миллат аст.
Пас чунин набошад, бо чӣ мақсад аз ватан канорҷӯӣ мекунанду дар раванди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мисли дигар шаҳрвандонаш дар рушди нумуи ватани азизи худ саҳм намегузоранд. Обод ва эҷод намекунанд.
Дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ ҷой гирифта, аз дуриҳо айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «ба ном динӣ» амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористиро раво дониста, ҷавононро даъват менамоянд, ғаразҳои баду амалҳои палидии худро бо номи «Ҷиҳод», «Ба биҳишт меравед», «Худованд бузург аст» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба дили ҷавонони соддаву зудбовар роҳ ёбанду ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне обрӯву эътибори давлатдории миллии моро паст зананду ба сари миллати мо балои дигареро биёранд, бо ин мақсад супоришҳои хоҷагони худ, сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Бо ҳадафҳои палидонаву разилонаи хеш истиқлолияти давлатии моро халалдор карда, Ваҳдату ягонагиву якпорчагии моро аз байн бурдани мешаванд ва барангехтани душманӣ ва бадбинии диниро миёни шаҳрвандон ба вуҷуд меоранд. Ин аст мақсаду мароми Шумо, разилони роҳгумзадаву Ватангадо!
Биёед аз ин мақсадҳои нопоки худ даст кашед! Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ бирасед. Зеро соҳибватаниву соҳибистиқлолият орзуву армони чандинҳазорсолаи аҷдодону гузаштагони мову шумо буданд. Арзишҳои беназиру муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намоед ва пос доштани онҳоро низ ҳам қарзу ҳам фарз ҳисоб намоед, зеро ин хушбахтӣ, ин ободиро ба ҷуз мардуми озодихоҳу сулҳофари миллати тоҷик барои мо ҳеҷ кас ва ҳеҷ давлат насохт. Танњо мо тавонистем бо Пешвои муаззами худ, Сарвари давлату миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирем, яъне бунёди давлати навин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро созем.
Имрӯз ҳар яки мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки ин сарзамин бо ҳама пешрафту муваффақият, бо ҳама мушкилию камбудияш ватани мост. Пешрафту муваффақияти он аз худи мо вобаста аст. Ягон дасти тавонои ободгаре аз берун омада, онро барои мо обод намесозад. Худ бояд онро созему обод намоем.
Бояд ҳамагон имрӯз дарк намоянд, ки бузургтарин дастоварди миллати мо дар садсолаи гузашта истиқрори сулҳи поянда дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Халқи тоҷик аз имтиҳони таърих гузашт, дӯсту душманро шинохт. Асолати фитрӣ ва рисолати таърихии худро ба ҳам овард, аз гирдоби бало раҳоӣ ёфт ва имрӯз мардуми баваҳдатрасида ин суботу осудагии ватанро болотар ва волотар аз ҳама манфиатҳо гузошта медонанд, ки онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз карда намешавад. Зеро барои онҳо Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодист.
Истиқлолият сарчашмаи ҳама хушбахтиву хушрӯзӣ, масъулияти бузурги соҳибватанӣ ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст, аз ҷумла ифтихори Шумо, фарзандони нохалафу кӯрбинони милат низ ҳаст!
Аз ин рӯ, ба Шумо шаҳрвандони азиз, ҷавонони меҳрубон, мо занону модарон муроҷиат карда мегӯем, ки чаро мо имрӯз ба қадри он неъмате, ки аҷдодони мо садсолаҳо орзу мекарданд, нарасем? Чаро мо талош надошта бошем, ки аз мо ҳам ҳамчун миллати давлатдор ёд кунанд? Чаро мо кӯшиш накунем, ки аз худ сарзамини шукуфон мерос намонем? Дар баробари ин ҳама дар назар бояд гирифт, ки ватандорӣ ҳам аз гӯшаи имондорист. Ба кирдорҳои бешарафонаи гурӯҳи мухолифин, ки дар конференсия шаҳри Варшава ба вуқуъ пайваст, мо модарону хоҳарон эътироз намуда, рафторҳои онҳоро аз нигоҳи инсонӣ қадами куллан хато ҳисобида, онро қотеона маҳкум менамоем.