Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

"Забон-шаҳодатномаи миллат"

 

Бахшида ба бузургдошти Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Забон-шаҳодатномаи миллат» бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо, аҳли адаб, донишҷӯён баргузор гардид.
Муовини Раиси кумита Давлатзода З.Д. бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз таърихи забони тоҷикӣ ва ба мақоми давлатӣ пазируфта шудани он ҳарф зада, номаи табрикотии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуд.
Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии сулҳу ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибону шоирон, тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”-и назди кумита дар бобати манзалати забони давлатӣ суханрониҳо намуда, шоираҳои ширинкалом аз ашъори тозаэҷоди худ шеърҳо қироат намуданд.