Тоҷикӣ   |   Русский  |   English        

Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ таҳти унвони "Зан ва ҳунар"

 

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бахшида ба Ҳафтаи соҳибкорӣ дар Муассисаи давлатии боғи "Ирам" Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ таҳти унвони "Зан ва ҳунар" баргузор гардид.Дар Фестивали мазкур ҳунармандони тамоми манотиқи кишвар маҳсули ҳунарҳои бо дасти худ эҷодкардаашонро ба намоиш гузошта, бо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ табъи меҳмонону тамошобинонро болида гардониданд.
Мавриди зикр аст, ки меҳмонон аз тамоми вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзида, аз маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллии тоҷикона дидан намуданд.Ҳадафи баргузории Фестивали Ҷумҳуриявии "Зан ва ҳунар" эҳёи ҳунарҳои аз байнрафтаи мардумӣ, ҷалби бештари занону бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ, муаррифии фарҳанги волои занону бонувони тоҷик ва ба мерос гузоштани таърихи пурғановати ҳунармандии миллати тоҷик ба наслҳои имрӯзу оянда.
Меҳмонон аз баргузории чунин як Фестивали сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуда, барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони асили санъати тоҷик аз ҷониби иштирокдорон хуш пазируфта шуд.